Зайд Саидов: Ман гуноҳе надорам

Хабари хуб 12.12.2013 15:38

Zayd saidov  tЗайд Саидов, тоҷири боздоштшуда ва собиқ вазири саноати Тоҷикистон, дар сухани охири худ дар додгоҳ гуфтааст, ки гувоҳӣ гирифтан аз шаҳрвандони хориҷӣ дар қазияи додгоҳии сохтагӣ алайҳи ӯ ба обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ латма мезанад.

Тавре ки Шуҳрат Қудратов, яке аз се вакили мудофеъи З. Саидов ба Би-би-сӣ гуфтааст, муваккилаш рӯзи чаҳоршанбеи 11 декабр ин ҳарфҳоро дар ҷаласаи додгоҳ зимни суханронии қабл аз эъломи ҳукм гуфтааст.

Шуҳрат Қудратов ҳамчунин гуфта, ки муваккилаш ҳамаи иттиҳомоти ворида алайҳи худро сохтагӣ хонда ва афзудааст, ки ӯ ба ватан хиёнат накарда ва назди мардуми Тоҷикистон пок аст. Вай афзудааст: «Зайд Саидов гуфт парвандаи ҷиноие, ки мақомоти интизомӣ алайҳи ӯ боз карданд, туҳмат ва сохтагӣ буда ва ӯ дар иртикоби ҳеҷ ҷурме даст надорад. Вай гуфт, ки ин қазия сирф сиёсӣ буда ва кашида шудани шаҳрвандони бархе аз кишварҳои хориҷӣ ба унвони шоҳид ба ин парванда ва водоштани онҳо ба додани гувоҳии бардурӯғ ба обрӯи Тоҷикистон латма ворид мекунад».

Шуҳрат Қудратов мегӯяд, ки муваккилаш дар беш аз ду соъату 30 дақиқаи суханронии худ бисёре аз ҷанбаҳои қазияро рӯшан кард, ки бегуноҳии ӯро собит мекунад. Зайд Саидов ҳамчунин аз судяи додгоҳ хоста, ки ба қазияи ӯ ба таври мунсифона расидагӣ кунад.

Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта додситони парвандаи ҷиноии Зайд Саидов дар муҳокимаи додгоҳӣ ҳукми 28 сол зиндон бо мусодираи амволро барои Зайд Саидов аз додгоҳ дархост карда буд.

Маъмурони давлатии Тоҷикистон Зайд Саидовро дар моҳи майи соли ҷорӣ ҳангоми бозгашт аз Фаронса дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе боздошт карданд. Моҳи сентябр Додгоҳи олии Тоҷикистон муҳокимаи ӯро пушти дарҳои баста дар бинои боздоштгоҳ оғоз кард.

Мақомоти Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон алайҳи Зайд Саидов ҳашт иттиҳом, аз ҷумла ришваситонӣ, чандҳамсарӣ, сӯиистифода аз мақом, тақаллуб, таҷовуз ба номус, робитаи ҷинсӣ бо фарде ноболиғ, водор кардани ӯ ба сиқти ҷанин ва тамаъҷӯиро матраҳ кардааст.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97