Меҳмон пушти дару хона норӯфта…

Хабари хуб 07.12.2013 16:47

Ё Тоҷикистон барои меҳмондории сайёҳон омода нест

turizmТоҷикистон дар бахши ҷалби ҷаҳонгардони хориҷӣ дар миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар поинтарин сатҳ қарор дорад.

Бино ба арзёбии Созмони Байналмилалии Тиҷорат (СБТ) Тоҷикистон дар бахши ҷаҳонгардӣ аз зарфияти бузурге бархурдор буда, аммо аз он муассир истифода намешавад. Ин созмон бахусус, ба имконоти Тоҷикистон дар бахшҳои ҷаҳонгардии экологӣ ва кӯҳнавардӣ ишора кардааст.

Франсуа Лоран, мушовири байналмилалии ин ниҳод, ки дар моҳҳои октябру ноябри соли ҷорӣ аз минтақаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла, аз вилояти Бадахшону водии Зарафшон дидан кардааст, мегӯяд барои истифода аз зарфиятҳои туристии ин кишвар вазъи зерсохторҳо дар ин кишвар бояд басурати ҷиддӣ бозсозӣ ва танзим шавад, то ҳар сол садҳо ҳазор ҷаҳонгарди хориҷиро бипазирад.

Франсуа Лоран мегӯяд, дар ин замина нахуст бояд хадамоти харидории билет ва банд (резерв) кардани утоқҳо дар меҳмонхонаҳо тавассути интернет ба сурати лозим роҳандозӣ, парвозҳои дохилӣ ва байналмиллалии бештар ва сервиси фурудгоҳҳо беҳтар шавад.

Бахусус, ҷаҳонгардони хориҷӣ аз наҳваи хидматрасонӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ набудани ин фурудгоҳ шикоят мекардаанд.

Адами дастрасӣ ба интернет ва имкони пардохт аз тариқи кредит-корт ва камбуди меҳмонасаройҳои муосир дар минтақаҳои рустоӣ аз ҷумлаи монеъаҳо дар роҳи ҷалби ҷаҳонгардони хориҷӣ ба Тоҷикистон унвон шудааст.

Франсуа Лоран гуфтааст, рушди бахши ҷаҳонгардӣ дар Тоҷикистон ба тавсеъаи ҳунари косибӣ дар кишвари мо мусоъидат карда ва маҳсули ҳунари дастии косибони тоҷик муштарӣ пайдо хоҳад кард.

Феълан Тоҷикистон дар бахши ҷалби ҷаҳонгардони хориҷӣ дар миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар поинтарин сатҳ қарор дорад.

Бино ба иттилоъи Кумитаи давлатии ҷавонон, варзиш ва ҷаҳонгардии Тоҷикистон, дар соли гузашта кишварамон мизбони беш аз 100 ҳазор ҷаҳонгарди хориҷӣ буда ва дар 6 моҳи соли ҷорӣ теъдоди ҷаҳонгардон 50 ҳазор нафарро ташкил додааст.

Ин дар ҳолест, теъдоди ҷаҳонгардони хориҷӣ дар кишвари ҳамсояи Қирғизистон, ки бо Тоҷикистон шароити ҳаммонанди табиъӣ дорад, дар соли гузашта беш аз 1 миллион нафар будааст.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97