…ҷабри ин қарзҳоро мардум мекашад
Масъулони ниругоҳи Сангтӯда-1 ҳушдор додаанд, ки эҳтимолан фаъолияти ин ниругоҳ то як ҳафтаи дигар мувақатан боздошта шавад.
Бино ба навиштаи Би-би-сӣ Кумитаи молиёт тамоми ҳисобҳои бонкии ин ниругоҳро тавқиф кардааст.
Дар баёнияи ниругоҳи Сангтӯда-1, ки рӯзи 4 декабр мунташир шуд, омадааст, ки ин ниругоҳ аз давлати Тоҷикистон қарздор аст, вале ин қарзҳо аз напардохтани қимати нируи барқ аз сӯйи ширкати «Барқи тоҷик» маншаъ мегирад.
Ниругоҳи Сангтӯда-1 дар шабонарӯз 7-8 миллион киловат/соъат нируи барқ тавлид мекунад ва зарфияти солонааш тавлиди 670 меговот/соъат нируи барқ аст. Дар маҷмӯъ, ин ниругоҳ 15 дарсади тавлидоти барқи Тоҷикистонро таъмин мекунад. Ин ниругоҳ дар поёни соли 2009 мавриди истифода қарор дода шуд ва 75 дарсади саҳоми он моли давлати Русия аст.
Тоҷикистон тамоми тавлидоти нируи барқи ин ниругоҳро харидорӣ карда ва сипас, маблағҳои онро бозпас медиҳад. Вале тӯли ду соли ахир ширкати Барқи тоҷик дар пардохти ин маблағҳо бо мушкил рӯбарӯ будааст.
Ба гуфтаи Павел Лавров, мудири кулли ниругоҳи Сангтӯда-1, феълан ширкати Барқи тоҷик беш аз 404 миллион сомонӣ ба ин ниругоҳ қарздор аст ва дархостҳои мукаррари масъулон ба давлати Тоҷикистон барои ҳалли ин мушкил натиҷа надодааст.
Феълан «Барқи тоҷик» моҳона 10 миллион сомонӣ қарзҳои худро бозпас медиҳад ва ба гуфтаи Лавров, дар ғайри ин сурат ниругоҳи Сангтӯда-1 метавонад пас аз 5-6 рӯз комилан аз фаъолият бозмонад.
Павел Лавров афзудааст, ки дар идомаи мушкили молӣ раёсати Сангтӯда-1 водор мешавад, ки бештари кормандони худро, ки 95 дарсади онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд, ба мураххасӣ бифиристад, ки ин амр паёмадҳои ногувори иҷтимоъие ба дунбол хоҳад дошт.
Вале ба гуфтаи Лавров, нуктаи асосии мавриди нигаронӣ ин аст, ки таътили ин ниругоҳ дар фасли сармо тавлидоти нируи барқ дар Тоҷикистонро 15 дарсад кам мекунад. Ва ин амр метавонад мушкилоти иҷтимоъии сокинони кишвар, аз ҷумла камбуди нируи барқро, ҷиддитар кунад.
Фаъолияти ниругоҳи Сангтӯда-1 аз муддатҳо қабл мавриди интиқодоти умумӣ қарор гирифтааст. Мунтақидон аз он изҳори норизоятӣ мекунанд, ки қабл аз бунёди ин ниругоҳ давлати Тоҷикистон ночор шудааст шартҳои Русияро бипазирад ва бештари саҳоми ин ниругоҳро дар ихтиёри Маскав гузорад.
Ҳамакнун рӯшан шуда, ки давлати Тоҷикистон имкони пардохти бамавқеъи ҳаққи нируи барқи тавлиди ин ниругоҳро надорад ва дар равобити сиёсии ду кишвар мушкилоти тозае пайдо хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки пажӯҳишгоҳи мустақилли сиёсати ҷаҳонӣ ва иқтисоди ҷаҳонии мавсум ба Choiseul ахиран феҳрасти кишварҳои дорои сиёсати энержии муфидро мунташир кардааст.
Тоҷикистон дар ин феҳраст дар гурӯҳи дувуми кишварҳо дар радаи 60 қарор гирифтааст. Дар ин феҳраст кишварҳо аз лиҳози таъмини нируи барқ ва мизони пойини партовҳо ба фазо радабандӣ шудаанд.
Тоҷикистон аз манобеъи бузурги энержии обӣ бархурдор аст. Вале тӯли беш аз бист соли ахир ин кишвар дар фасли сармо бо камбуди нируи барқ рӯбарӯст.
Бунёди ниругоҳи Сангтӯда-1 бо сармояи Русия ва ниругоҳи Сангтӯда-2 бо сармояи давлати Ирон шиддати ин мушкилро то андозае пойин бурд. Вале ин мушкил ҳамчунон ҳассос аст.
Давлати Тоҷикистон мегӯяд, ки танҳо баъд аз анҷоми сохтмони ниругоҳи Роғун бо зарфияти тавлиди 3600 мегават/соъат нируи барқ ин мушкил аз байн хоҳад рафт.
Сохтмони ин ниругоҳ дар замони Иттиҳоди шӯравӣ оғоз шуда ва чанд сол қабл давлати Тоҷикистон идомаи умури сохтмониро ба танҳоӣ аз сар гирифт.