Ҳомиди Карзай аз НАТО шиква дорад

Хабари хуб 10.10.2013 15:37

karzai NATOҲомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, аз НАТО ба "далели нокомӣ дар овардани субот дар Афғонистон" интиқод кардааст.

Карзай дар барномаи Нюзнойти Би-би-сӣ гуфтааст: "Дар арсаи амният амалкарди НАТО боъиси ранҷи Афғонистон шуд, ҷонҳои бисёре гирифта шуд ва ҳеҷ пешрафте ба даст наомад ва Афғонистон амният надорад."

Ӯ гуфтааст, ки тамаркузи НАТО бар ҷанг дар рустоҳои Афғонистон ба ҷои ҳадаф қарор додани пойгоҳҳои амни Толибон дар Покистон нодуруст будааст.

Раиси ҷумҳур Карзай, ки фақат шаш моҳи дигар ба давраи раёсаташ монда, афзудааст: "Ман хушнуд нестам, ки бигӯям амнияти нисбӣ дорем. Ин чизе нест, ки ба дунболи он бошем. Он чи мо мехостем амнияти комил ва ҷанги мушаххас ва возеҳ бар зидди терроризм буд."

Карзай, ки бо Ялдо Ҳаким аз бахши инглисии Би-би-сӣ суҳбат мекард, гуфт, ки авлавияти ӯ акнун овардани сулҳу амният ба Афғонистон, ба шумули тавофуқе бо Толибон аст. Ӯ гуфт, ки барои ин манзур ҳукуматаш фаъолона бо раҳбарони Толибон дар ҳоли гуфтугӯ аст.

Раиси ҷумҳурии Афғонистон гуфт: "Онҳо (толибон) афғон ҳастанд. Агар дар салоҳияти раиси ҷумҳур ё давлати Афғонистон бошад, ки онҳоро дар симате давлатӣ бигуморад, ин кор хоҳад шуд. Аммо дар ҷое, ки мардуми Афғонистон афродро аз тариқи интихобот ба мувақифе дар сохтори ҳукумат мегуморанд, Толибон бояд биёянд ва дар интихобот ширкат кунанд.

Раиси ҷумҳур Карзай ин нигарониҳоро рад кард, ки бо бозгашти Толибон пешрафтҳои ба дастомада дар арсаи ҳуқуқи занон дар Афғонистон аз даст хоҳад рафт. Ӯ гуфт: "Бозгашти Толибон боъиси заъиф шудани пешрафтҳо нахоҳад шуд. Ин кишвар ниёзманди сулҳ аст. Ман ҳозирам ҳар коре, ки сулҳро ба Афғонистон меоварад, анҷом диҳам ва аз тариқи сулҳ аҳдофи занонро беҳтар иртиқо диҳам."

Карзай таъкид кард: "Ман ҳеҷ шакке надорам, ки (баъд аз сулҳ) шумори занону духтарони ҷавони афғонӣ, ки дарс мехонанд ва фурсати таҳсилоти олӣ ва кори беҳтарро ба даст меоваранд, афзоиш хоҳад ёфт. Ҳеҷ тардиде дар он нест; Ҳатто агар Толибон баргарданд ин раванд поён нахоҳад ёфт ва кунд нахоҳад шуд."

Ҳомиди Карзай дар солҳои ахир равобити душворе бо ҳомиёни ғарбии худ дошта ва бахше аз он ба далели интиқоди ошкори ӯ аз НАТО будааст. Раиси ҷумҳур Карзай НАТО-ро муттаҳам мекунад, ки ба ҳокимияти миллии Афғонистон эҳтиром надоштааст.

Дар соли 2009, Барак Обама, раиси ҷумҳурии Амрико, Ҳомиди Карзайро "ҳамкори ғайриқобили иттако ва ғайримуассир" тавсиф кард.

Бо ин ҳол, Карзай дар мусоҳибаи худ бо Нюзнойти Би-би-сӣ ин мавзӯъро рад кард ва гуфт, ки ба ӯ ба ин далел ин нисбатҳоро медиҳанд, ки "дар ҷое, ки мехоҳанд бо онҳо ҳамроҳӣ кунем, мо ҳамроҳӣ намекунем. Онҳо мехоҳанд вақте ғайринизомиён кушта мешаванд, хомӯш бошем, аммо мо сукут намекунем. Мо наметавонем сукут кунем."

Раиси ҷумҳури Афғонистон дар мусоҳибаи худ таъкид кард, ки дар солҳои пас аз вуруди нируҳои эътилоф ба раҳбарии Амрико ба Афғонистон ӯ робитаи хубе бо Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳури вақт дошт. Карзай гуфт: "Дар он солҳои оғозин тафовути назари бисёр зиёде байни мо (бо Буш) вуҷуд надошт. Сард шудани равобити мо аз соли 2005 оғоз шуд, замоне ки мо шоҳиди аввалин кушторҳои ғайринизомиён будем, замоне ки мо дидем, ки ҷанг бар зидди террориз дар ҷое, ки бояд сурат бигирад, сурат намегирад."

Ӯ гуфт, ки ҷанг бояд "бар зидди паноҳгоҳҳо ва марказҳои омӯзишии хориҷ аз Афғонистон сурат гирад, на ин ки сарбозони амрикоӣ ва НАТО дар қарияҳои Афғонистон амалиёт ба роҳ биандозанд ва ба мардуми Афғонистон осеб ворид кунанд."

Интиқодоти зиёде нисбат ба нокомии ҳукумати Афғонистон дар заминаи мубориза бо фасод вуҷуд доштааст. Ин мавзӯъ ва низ адами пешрафт дар заминаи ҳуқуқи занон боис ба он шуд, ки Норвегия ахиран эълом кунад, ки кумакҳои худ ба Афғонистонро коҳиш медиҳад.

Карзай дар мусоҳибаи худ гуфт: "Ҳукумати мо заъиф аст ва дар муқоиса бо дигар ҳукуматҳо номуассир. Мо тоза шурӯъ ба кор кардаем. Аммо фасоди бузург, фасодҳои садҳо миллиён долларӣ кори афғонҳо набуд. Ҳоло ҳама ин мавзӯъро медонанд. Ин фасоди хориҷиҳо буд."

Раиси ҷумҳури Афғонистон тасреҳ кард: "Қарордодҳои аслӣ ва қарордодҳои фаръӣ, қарордодҳои кӯркӯрона, ки ба мардум дода шуд ва пуле, ки ба ҳар тараф пахш шуд, ки вафодорӣ харида шавад, пуле, ки ба ҳар тараф пахш шуд, ки таслимии мақомоти ҳукумати Афғонистонро дар сиёсатҳо ва тарҳҳое харида шавад, ки мардуми Афғонистон бо он мувофиқ нестанд. Инҳо бахши аслии фасод буд."

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97