Маҳмадсайид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси олии порлумони Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 9 октбяр бо Алӣ Асғари Шеърдӯст ба муносибати ба охир расидани маъмурияти ӯ дар Тоҷикистон ба унвони сафири Ирон мулоқот анҷом дод.
Дар иттилоъияи ёвари раиси Маҷлиси олӣ омадааст, ки ин мулоқот бо хоҳиши Алӣ Асғари Шеърдӯст доир шуда ва дар ҷараёни он Убайдуллоев зимни тақдир аз сафири Ирон дар Тоҷикистон ҳамкориҳои миёни ду кишварро дар даврони маъмурияти ӯ "тавсеъаёфта" арзёбӣ кардааст.
Аммо М. Убайдуллоев гуфтааст: Маврид ба зикр аст, ки барои ҳамкориҳо дар риштаҳои тиҷорат, саноъат, энержӣ, коркард ва истифодаи сарватҳои табиӣ, арсаи нақлия, кишоварзӣ, нафту гоз, фарҳангу маъориф, тандурустӣ ва ҷаҳонгардӣ имкониятҳои бештар вуҷуд доранд, Пайваста густариш додани онҳо (ин ҳамкориҳо) боиси афзун намудани ҳаҷми (мизони) гардиши (мубодила) тиҷорат ва таҳкими робитаҳо миёни кишварҳоямон хоҳад гашт.
Алӣ Асғари Шеърдӯст шоир ва пажӯҳишгари иронӣ аст, ки панҷ сол қабл, яъне дар соли 2008 сафири Ирон дар Тоҷикистон таъйин шуда буд. Фарҳангиёни тоҷик ба нақши созандаи Алӣ Асғари Шеърдӯст дар таҳкими равобити фарҳангӣ, адабӣ ва илмӣ миёни ин ду кишвари ҳамзабон таъкид мекунанд.
Бархе аз фарҳангиёни Тоҷикистон зимни тақдир аз фаъолиятҳои сафорати Ирон дар Тоҷикистон мегӯянд, ки фаъъолиятҳои А.Шеърдӯст ба монанди "пуле" будааст, барои муъаррифии осори аҳли адабу фарҳанги тоҷик дар Ирон ва хориҷ аз он.Зеро бисёре аз шуъаро ва нависандагони тоҷик бо мусоъидати ӯ тавонистаанд осори худро бо ҳуруфи форсӣ ва сирилик дар Ирон мунташир кунанд. Дар ҳоле, ки ваколати Алӣ Асғари Шеърдӯст ба унвони сафир дар Тоҷикистон ба охир расидааст, ҳанӯз ҳуввияти сафири ҷадиди Ирон дар Душанбе расман эълом нашудааст.