Абдуллоҳи Абдуллоҳ боз номзад ба президентӣ

Хабари хуб 07.10.2013 17:30

Abdullo prezidentiИнтизор меравад Абдуллоҳи Абдуллоҳ ба таври расмӣ номзадиашро барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон эълон кунад.

Дар нишасте, ки шаби гузашта дар хонаи Салоҳиддин Раббонӣ, раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон ва сарпарасти ҳизби Ҷамъияти исломӣ дар Кобул баргузор шуд, аъзои ин ҳизб дар мавриди номзадии доктор Абдуллоҳи Абдуллоҳ тавофуқ карданд.

Оқои Абдуллоҳ Хон Муҳаммад аз Ҳизби исломӣ (ҷиноҳи ҷудошуда аз ҳизби Гулбиддин Ҳикматёр) ва Муҳаммад Муҳаққиқ, раҳбари Ҳизби ваҳдати исломиро ба ҳайси муовинони худ баргузидааст. Оқои Хон Муҳаммад аз Ҳизби исломӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин тасмим дишаб пас аз баҳсҳои тӯлонӣ гирифта шудааст.

Доктор Абдуллоҳ дар интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон дар соли 2009 дар рақобат бо президенти кунунии ин кишвар ба даври дувум роҳ ёфт, аммо дар он замон, ба хотири ончӣ тақаллуб дар интихоботи раёсати ҷумҳури гузашата хонда буд, аз идомаи мубориза даст кашид.

Абдуллоҳи Абдуллоҳ яке аз аъзои барҷастаи Иттиҳоди интихоботӣ, ки бо иштироки беш аз 13 ҷараёни сиёсӣ барои иштирок дар рақобатҳои интихоботӣ таъсис шуда, низ мебошад.То кунун мушаххас нест, ки вай ба намояндагӣ аз Иттиҳоди интихоботӣ худро номзад карда ва ё ҳам ба таври мустақил.

Рӯзҳои ахир нишастҳо ва талошҳои аҳзоби сиёсӣ ва афроди мустақил дар Афғонистон, ки қасди ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳури соли ояндаро доранд, афзоиш ёфтааст. Қабл аз ин Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай,раиси раванди интиқоли масъулиятҳои амниятӣ аз нерӯҳои байналмилалӣ ба нерӯҳои афғон, барои иштирок дар интихобот, аз мақомаш истеъфо дод. Қаюм Карзай, бародари раиси ҷумҳур Ҳомид Карзай, Зулмай Расул, Абдураб Расул Сайёф ва Алӣ Аҳмад Ҷалолӣниз аз ҷумлаи номзадҳои эҳтимолии интихоботи соли оянда мебошанд.

Раванди сабти номи номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон ҳудуди ду ҳафта қабл аз сӯи Комиссияи мустақили интихоботи ин кишвар расман оғоз шудааст. Бар асоси гузоришҳо, то кунун танҳоБисмиллоҳ Шер ба унвони яке аз номзадҳои интихобот сабти ном кардааст. Қарор аст интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва шӯроҳои вилоятии Афғонистон дар моҳи апрели соли оянда баргузор шавад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97