Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба ходимонаш дастур дод, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ба раванди ҷамъоварии имзоҳо аз тарафи номзадҳо ва тарғибу ташвиқоти пешазинтихоботӣ дахолат накунанд ва фаъолияти худро бар пояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии он ба роҳ монанд.
Ин ниҳод ҳамчунин аз кормандони худ хостааст, ки дар ҳолатҳои зарурӣ дар баргузории чорабиниҳои мазкур мусоидат намоянд. Вазорати Корҳои дохилӣ ҳамчунин аз кормандонаш тақозо кардааст, ки дар ҷараёни ин маърака тартиботи ҷамъиятиро таъмин кунанд ва кумаки худро аз шаҳрвандон дареғ надоранд.
Вазорат дар ҳоле ба ходимонаш ин дастурро додааст, ки рӯзи ҷумъаи 27 сентябр Ойниҳол Бобоназарова, номзади Иттиҳоди нируҳои ислоҳталаби Тоҷикистон дар як нишасти матбуотӣ аз боздошти ҳудудан 10 тан аз тарафдоронаш аз сӯи мақомоти милитсия дар ноҳияи Фирдавсӣ, ки ба ҷамъоварии имзо машғул буданд, шикоят кард.