Олим Бобоев ба марра расид, Бобоназарова шикоят дорад

Хабари хуб 04.10.2013 15:53

Boboev Va OyniholОйниҳол Бобоназарова, номзади ягонаи Иттиҳодияи нируҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон гуфтааст, "фазои зиддинаҳзатӣ" дар ҷомеъаи кишвар дар ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдорӣ аз номзадии ӯро душвор кардааст.

О. Бобоназарова рӯзи чоршанбеи 2-уми октябр гуфт, тибқи ҳисобҳои муқаддамотӣ ба тарафдорӣ аз номзадии ӯ ҳудуди 50 ҳазор имзо ҷамъоварӣ шудааст.

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилоъи манобеъи Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, ин ҳизб то ҳоло тавонистааст ба тарафдории Олим Бобоев, номзади худ, беш аз 205 ҳазор имзо ҷамъоварӣ кардаанд.

Бобоназарова гуфт, ситоди интихоботиаш тасмим гирифтааст, дар сурати ҷамъоварӣ нашудани имзоҳои мавриди ниёз то 7-уми октябри соли ҷорӣ, рӯзи зарбулаҷал барои ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдории номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, далели ин амр ташреҳ хоҳад шуд.

Ойниҳол Бобоназарова гуфт: Агар имзоҳо ҷамъоварӣ нашавад, мо ба тарафдорони худ, ҳукумат ва созмонҳои байналмилалӣ муроҷиъат карда ва дар асоси қонун роҳи минбаъдаи худро муайян мекунем.

Бобоназарова мегӯяд, ки мақомот фурсати онҳоро барои ҷамъоварии имзо аз онҳо гирифтанд ва ҳамакнун рӯшан нест, ки ҷонибдоронаш барои ҷамъоварии миқдори зарурии имзоҳо муваффақ мешаванд ё хайр.

Дар ҳамин ҳол, Абдуқаюми Қаюмзод, сухангӯйи Ситоди интихоботии Иттиҳодияи нируҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон гуфт, бо вуҷуди ваъдаҳои мақомоти Комисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон (КМИҲ) мушкилот ва мавонеъи маснӯъӣ дар роҳи ҷамъоварии имзо ба тарафдории номзадии Ойниҳол Бобоназарова дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон зиёд будаст.

Ҳарчанд Шермаҳмади Шоҳиён, раиси КМИҲ дар нишасти хабарии 30-юми сентябр гуфта буд, ки куллияи мушкилу монеъаҳо дар роҳи ҷамъоварии имзо ба тарафдории Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягонаи ИНИТ рафъ шудааст.

Ӯ мавридҳои ҷамъоварии имзоҳо дар донишгоҳҳои Тоҷикистон дар варақаҳо бидуни зикри номи номзадро амалӣ ғайриқонунӣ хонда ва гуфт, КМИҲ ин ҳодисаро ҷиддан таҳқиқ хоҳад кард. 

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97