Сабаби садамаи ҳавопаймои МА-60-ро чиниҳо таҳқиқ мекунанд

Хабари хуб 30.09.2013 15:03

tayraiГурӯҳи мутахасиcони чиноӣ барои таҳқиқи сабаби дучори садама шудани ҳавопаймои ширкати "Тоҷик эйр" - МА-60, ки сохти Чин аст вориди Тоҷикистон шуданд.

Лола Кенҷаева , сухангӯи ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик эйр" рӯзи 25-уми сентябр дар сӯҳбат ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки  "гурӯҳи мутахасисони чиноӣ дар Тоҷикистон қарор доранд ва онҳо сабаби ноқисӣ дар ҳавопаймои МА-60-ро муайян карда истодаанд".

Ба гуфтаи Кенҷаева дар ҳоли ҳозир ширкати "Тоҷик эйр" як ҳавопаймоии МА-60 дорад ва то маълум шудани натиҷаҳои садамаи ҳавопаймо аз харидории ҳавопаймои дигари МА-60 аз Чин худдорӣ меварзад.

Бояд гуфт аввалҳои моҳи июли соли равон ҳавопаймои МА-60 "Тоҷик эйр" ҳангоми аз назар гузаронидани вазъи техникӣ дар ҷои исташ як пояшро дарун кашида ба шикам афтода буд.

Ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик эйр" ягона ширкатест, ки дар миёни кишварҳои ИДМ аз ҳавопаймоҳои МА-60 истеҳсоли Чин истифода мекунад. Дигар кишварҳои ИДМ кайфият ва бехатарии ин ҳавопайморо барои парвоз то ба ҳол эътироф накардаанд.

Ширкати "Тоҷик эйр" соли 2011 бо қарзи "Эксимбонк"-Чин ду ҳавопаймои навъи МА-60-и истеҳсоли Чинро фармоиш дода буд ва то ҳол аз хадамоти яке аз он истифода мекард. Ҳавопаймои "МА-60" гунаи навсозишудае аз ҳавопаймои сохти шӯравии "АН-24" буда, дар маҷмӯъ 56 мусофирро ҳамл мекунад.

Дарозии парвози ин ҳавопаймоҳо 1,3 ҳазор километр буда, дар хатсайрҳои кӯтоҳи Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Бишкек, Душанбе-Алмаато ва Машҳади Эрон мусофир мекашанд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97