Танҳо дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар соли ҷорӣ 68 ҷиноят тавассути ноболиғон содир шудааст.
Сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ рӯзи 23 сентябр дар ҳамоише дар шаҳри Душанбе гуфт, ки "дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ, 68 ҷиноят нисбати ноболиғон, аз ҷумла 55 ҷинояти дуздӣ, 7 мавриди авбошӣ, 3 амали ғоратгарӣ, ду ҷинояти қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ ва як маврид қаллобӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ ба қайд гирифта шудааст."
Ба гуфтаи ҷаноби Саидов, 10 нафар ноболиғон аз таҳсил дур мондаанд, ки нисбати онҳо чораҷӯи сурат гирфтааст.
Дар ин иртибот Баҳрулло Саидов, гуфт, нисбати ду волидайне, ки духтаронашон аз таҳсил дур мондаанд, парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва таҳқиқ идома дорад.
Таъкид шуд, ки яке аз духтарон, Муҳаё Ашурова, соли таваллудаш 1998, хонандаи яке аз мактабҳои ноҳияи Фирдавсӣ тарки мактаб карда ва дар хона аз тариқи телефон бо як ҷавон ошно мешавад. Аз кори ин духтар ин модару бародараш хабардор шуда ӯро сарзаниш мекунанд, ки дар ниҳоят вай худашро меовезад.
Ин ҳам дар ҳоле, ки мавориди худкушии ҷавонон, бахусус ноболиғон, як мушкили доғ дар ҷомеаи Тоҷикистон дониста мешавад.
Бино ба маълумоти расмӣ, дар 7 моҳи аввали соли равон 173 нафар, ба шумули 87 зан ва 16 тифл даст ба худкушӣ задаанд.