Пойтахт: "Сити-формат" - таҷҳизоти нави таблиғотӣ

Хабари хуб 27.09.2013 15:00

tj banner 304Ҳукумати Душанбе барои хиёбонҳои пойтахти Тоҷикистон 12 адад сити-формат, ё мониторҳои бузурги таблиғотӣ харидорӣ кардааст.

Қарор аст ин таҷҳизот дар хиёбонҳои атрофи муъасиссоти фарҳангӣ насб шуда ва маҳфилҳои фарҳангӣ ва ҷашнвораву консертҳо тавассути онҳо таблиғ хоҳад шуд.

Ба ин тартиб қарор аст, аз бисёре аз овезаҳои бузурги таблиғотӣ аз атрофи ин муъасиссот барчида шаванд. Ба гуфтаи муттахасисон "сити-форматҳо" аз назари амниятӣ ва зебоишиносӣ беҳтар буда ва иқтисодитар низ ҳастанд.

Ронандаҳои пойтахт низ аз зиёд будани овезаҳо ва банерҳои таблиғотӣ дар хиёбонҳои шаҳр изҳори норизоиятӣ карда ва мегӯянд, ки вуҷуди онҳо ба амнияти ҳаракат дар роҳ низ таъсири манфӣ мегузорад.

Наврӯз Юнусов, раҳбари муъасисаи давлатии таблиғотӣ дар шаҳри Душанбе рӯзи 19 сентябр дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфтааст, ки насби сити-форматҳо баъд аз тасвиби қарори шаҳрдорӣ оғоз меёбад.

Ӯ аз ироаи иттилоъ дар бораи тарҳи ҷойгузинии овезаҳо ба сити-форматҳои электроникӣ худдорӣ карда ва афзуда, ки қарор аст теъдоди бештаре аз ин васоили таблиғоти электроникӣ ба пойтахт ворид шавад.

Юнусов таъкид кардааст, ки тавассути сити-форматҳо таблиғоти тиҷорӣ ва ё сиёсӣ пахш нахоҳанд шуд. Ҳарчанд дар остонаи баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон ниёз ба пахши маводди таблиғотии номзадҳо афзоиш ёфта ва аҳзоби сиёсӣ барои ин амр маблағҳои худро дареғ намедоранд.

Баландиву бари ин сити-форматҳо 1,2 ба 1,8 метр буда ва тасвирҳои он дар тӯли шому шаб аз масофаи дур низ қобили дидан будааст. Дар муқоъиса бо навъҳои дигари таблиғотӣ сити-форматҳо аз боду резиши барфу борон таъсир намегиранд.

Ин дар ҳолест, ки дар бештаре аз шаҳрҳои ҷаҳон раванди поксозии шаҳрҳо аз овезаҳои бузургу навъҳои дигари таблиғотӣ дар ҷараён будааст.

Аммо масъулони шаҳрдорӣ гуфтанд, ки мавзуъи барчидани овезаҳои таблиғотӣ аз хиёбонҳои пойтахт матраҳ нест. Зимнан бештари овезаҳои таблиғотӣ дар шаҳри Душанбе моли ширкатҳои хусусӣ буда ва бо дарёфти иҷозаи шаҳрдорӣ дар ҷодаҳои пойтахт насб шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 18-уми сентябр гузориш шуд, ки 855 дурбини мадорбаста низ дар ҷодаҳои шаҳри Душанбе насб мешавад ва ҳадаф аз ин кор мубориза бо терроризм ва тахаллуфоти ронандагӣ дар роҳҳои пойтахт унвон мешавад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97