Вазирони корҳои хориҷаи Ирон ва Бритониё барои аввалин бор пас аз рӯйи кор омадани давлати нави Ирон бо ҳам дидор карданд.
Ин мулоқот баъд аз зӯҳри душанбе ба вақти Ню Йорк (соати 10-у 30 дақиқаи шаб ба вақти Теҳрон) байни Муҳаммад Ҷавод Зариф ва Вилём Ҳюг дар ҳошияи нишасти Маҷмаъи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню Йорк анҷом шуд.
Ҳюг гуфт, онҳо дар бораи барномаи атомии Ирон, муноқишаи Сурия ва ишороти Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Ирон ба талош барои беҳбуди равобит бо Ғарб сӯҳбат карданд.
Ӯ ба хабарнигорон гуфт: "Ҳамон тавр ки ба вазири хориҷа гуфтам, Бритониё хоҳони равобите муқобилаҷӯёна бо Ирон нест ва мо аз равобити беҳтар истиқбол мекунем."
Вазири хориҷаи Бритониё дар ин дидор аз баёнияҳои ахири давлати тозаи Ирон доир ба ин ки хоҳони беҳбуди равобит бо Ғарб ва коҳиши нигаронӣ нисбат ба барномаи атомиаш аст, истиқбол кард, аммо гуфт, ки калимот ба танҳоӣ кофӣ нахоҳад буд.
Ӯ пас аз ин дидор бо Зариф ба хабарнигорон гуфт: "Вақти он аст, ки он баёнияҳо бо гомҳои малмус тавассути Ирон барои посух ба нигарониҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар мавриди ниёти Ирон ҳамвора шавад ва агар чунин гомҳое бардошта шавад, дар он сурат ба эътиқоди ман имкони эҷоди робитаи созандатар миёни мо вуҷуд хоҳад дошт."
Ҳюг ҳамчунин гуфт, ки агар Ирон дар ин масир гом бардорад "мо ҳам ҳозир хоҳем буд, аз бисёр ҷиҳатҳо гомҳои мутақобил бардорем."
Ӯ аз Ирон хост бо поён додан ба ҳимоят аз Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия ва ҳимоят аз як муъоҳидаи сулҳ дар Сурия, ки Созмони Милал талош дорад, миёнҷигарӣ кунад, "нашқи созанда" дар бӯҳрони Сурия бозӣ кунад. Ӯ ҳамчунин беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар дар Ирон шуд.
Мулоқоти ду вазири хориҷа дар ҳоле анҷом шуд, ки ба дунболи ҳамлаи гурӯҳе аз донишҷӯёни басиҷӣ ба амокини диплумотики Бритониё дар Теҳрон давлати Дэвид Комерун бо фарохонии тамомии кормандони сафорати худ аз Ирон диплумотҳои Ирониро ҳам аз Бритониё ихроҷ кард, ки ба коҳиши равобити ду кишвар дар поёнтарин сатҳи мумкин пеш аз қатъи комил анҷомид.
Ҳюг гуфт, дар ин дидор ба Зариф гуфтааст, ҳодисаи юриш ба сафорати Бритониё хисороти зиёде ба равобити ду тараф ворид кард, аммо афзуд, ки ӯ ва Зариф аз мақомҳои зери назари худ хостаанд, ки барои беҳбуди равобит бештар кор кнунад.
Бо ин ҳол ӯ гуфт, ки сафорати Бритониё фақат дар сурате муҷаддан боз хоҳад шуд, ки битавонад "бидуни озору бидуни мушкилоте, ки дар гузашта дар масири он қарор дода шуда буд" кор кунад.
Дар авоили давраи раёсати Муҳаммади Хотамӣ, раиси ҷумҳурии қаблии Ирон, дидори Камол Харрозӣ ва Робин Кук, вузарои хориҷаи вақти Ирон ва Бритониё ба афзоиши равобит аз сатҳи кордор ба сафир мунҷар шуда буд.