Пешбарии Малола ба ҷоизаи Афви байналмилал

Хабари хуб 23.09.2013 15:14

malolaМалола Юсуфзай ба бузургтарин ҷоизаи созмони дидбони ҳуқуқи башар Амнести Интернешенел ва ё Афви байналмилал ноил шудааст.

Раҳбарони ин созмон, ки дар шаҳри Лондон ҷойгузин аст, гуфтаанд, ки Малола Юсуфзай ҳамроҳ бо овозхони амрикоӣ Ҳаррӣ Белафонте ба ҷоизаи "Сафири виҷдон" дар соли 2013-ум пешбарӣ шудаанд.  

Ин ҷоиза ба касоне дода мешавад, ки ҳаёти худро ба ҳимоят аз ҳуқуқи башар бахшидаанд ва ҳамчун намунаи эҳтироми ҳуқуқи башар хидмат мекунанд.

Малолаи 16-сола, ки бо мақолаҳояш дар бораи фишори Толибон болои таҳсили духтарон дар шабакаи Би-би-сӣ (BBC) машҳур шудааст, соли гузашта ҳангоми бозгашт аз мактаб мавриди ҳамлаи Толибон қарор гирифта, аз гарданаш тир хӯрда буд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97