Масъулони вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ҳадафи аслӣ аз насби дурбинҳои мадорбаста дар хиёбонҳои шаҳри Душанберо мубориза бо теруризм ва ҷароим дар пойтахти Тоҷикистон унвон карданд.
Ҳамчунин тавре, ки Саид ҷӯрахонов муъовини вазири ин ниҳод гуфт, ҳадафи дигар аз истифода аз ин технологияи нав, ҷилавгирӣ аз нақзи қоидаи ҳаракат дар роҳ будааст.
Насби дурбинҳо бар асоси тарҳе зери унвони "Шаҳри бехатар" ҳудуди даҳ моҳи қабл шуруъ шудааст. Саид Ҷӯрахонов рӯзи 17 сентябр дар нишасти матбуъотии масъулони идораи бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон гуфт, ба ҷуз аз мубориза бо терроризм ва ҷароими созмонёфта, ки "шаст дарсади ҳадаф аз насби ин дурбинҳо аст", ин дурбинҳо қонуншикании ронандагӣ дар ҷоддаҳои шаҳри Душанберо сабт мекунад.
Вай бо изҳори нигаронӣ аз афзоиши мавориди нақзи қоидаи ҳаракат дар роҳҳо гуфт: Дар соли ҷорӣ дар роҳҳои Тоҷикистон 986 мавриди қонуншиканӣ рух дода ва дар 317 сокини кишвар дар садамаҳо ҷон додаанд, ки шумори фавтидагон дар муқоиса ба ҳамин даврони соли гузашта даҳ нафар зиёд будаанд.
Муовини вазири корҳои дохила ҳамчунин мегӯяд, ки дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ як ҳазору 97 нафар аз сокинони кишвар дар роҳҳо дар асари садамаҳо захмӣ шудаанд. Вай мегӯяд, ки аксари ин садамаҳо дар шаҳри Душанбе рух додаанд. Ӯ афзуда, ки насби дурбинҳо дар роҳҳои пойтахт ва мавриди истифодабарӣ қарор додани он метавонад, ба таври қобили мулоҳиза аз қонуншиканиҳо дар роҳҳо ҷилавгирӣ кунад.
Мувофиқа дар мавриди насби дурбинҳои мадорбаста дар чаҳорчӯби пружаи "Шаҳри бехатар" баъд аз мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо Омӣ Лин, муовини раиси ширкати чинии "Ҳуовей" дар декабри соли 2012 ба даст омад.
Ҳазинаи ин тарҳ 22 милюн дулор буда ва ин маблағро давлати Чин ба Тоҷикистон қарз додааст. Дар насби ин дурбинҳо мутахассисони чинӣ ва тоҷикистонӣ саҳм доштанд. Масъулони ширкати чинӣ шеваи кор бо дурбинҳои мадорбастаро ба мутахассисони милисаи роҳи Тоҷикистон омӯзиш доданд.
Улуғбек Мусоев, раиси бахши фаннии ширкати чинии "Ҳуовей", ки дар ин нишаст шеваи истифода аз ин дурбинҳо ва фановарии кумаккунандаи онро ба ҳозирин муъаррифӣ мекард, мегӯяд, ки бар асоси тарҳи "Шаҳри бехатар" дар ҷоддаҳо ва хиёбонҳои шаҳри Душанбе 855 дурбини мадорбаста насб шуд.
Ӯ афзуд: Ин дурбинҳо бар ҳаракати автомобилҳо дар 70 чорроҳа дар шаҳри Душанбе, бархе аз биноҳҳои таҷаммуъи мардум ва фурӯдгоҳу истгоҳҳоро назорат хоҳанд кард. Вай гуфт, ки дурбинҳо дар сурате ки шоҳиди таҷаммуъи зиёде аз мардум ва ё рафторҳои хушунатомезе дар хиёбонҳо мешаванд, 30 нафар аз гардонандаҳое, ки дар маркази вижа ба мониторҳои онҳо назорат мекунанд, иттилоъро ба кормардони зидахл дар ин маврид ироа мекунанд.
Ҳамчунин дурбинҳои мадорбаста дар 12 дарвозаи роҳҳои вурудӣ ба шаҳри Душанбе насб шуда ва тамоми васоилеро, ки аз ин роҳҳои вурудӣ ба пойтахт ворид мешаванд, сабт хоҳанд кард.
Маҳмадсаид Саидов, раиси БДА-и Тоҷикистон мегӯяд, дурбинҳо фаъолияти кормандони милисаро дучанд осон мекунад. Вай афзуда, ки дар сурати рух додани садамае ва ё нақзи қоидаи роҳ аз сӯйи ронандае забтҳои ин дурбинҳо исботи аслӣ хоҳанд буд. Ӯ афзуд: Мо саъй мекунем, ки то моҳи октябр истифода аз ин дурбинҳоро оғоз кунем.
Дар ҳоле ки ин масъулон насби дурбинҳо ва истифода аз онро як иқдоме барои таъмини амнияти шаҳрвандон ва назорат бар риъояи тартиботи ҷамъиятӣ унвон мекунанд, бархе аз коршиносон мегӯянд, ки насби ин дурбинҳо дар хиёбонҳо барои назорат бар вазъи иҷтимоъӣ ва саркӯби эътирозоти эҳтимолӣ барои давлат аз аҳамият холӣ нест.
Иддае аз сокинони шаҳри Душанбе бо ишора ба дурбинҳое, ки ҳоло дар бархе аз хиёбонҳои шаҳр ба назар мерасанд, ин иқдоми давлатро навъе дахолат ба ҳарими хусусии худ медонанд.
Бо ин вуҷуд иддае дигар аз сокинони шаҳр аз насби ин дурбинҳо хушҳоланд. Умед доранд, ки ба ин тариқ фасод коҳиш меёбад ва акнун гаштугузор дар роҳҳои пойтахт бехатар мешавад ва дигар мошинҳои пурдабдабаву "бодпой"-и мансабдорону пулдорон ба ҷони онҳо ва фарзандонашон хатар эҷод намекунад.