Покистон аҳд кардааст, ки ҳамасола аз Тоҷикистон дар фасли тобистон се миллиард киловат соъат барқ харидорӣ кунад.
Тибқи созишномае, ки рӯзи 16 сентябр дар Исломобод, пойтахти Покистон миёни мақомоти ин кишвар ва Тоҷикистону қирғизистон имзо шуд, қарор аст, Покистон ин миқдор барқро тӯли 15 соли оянда харидорӣ кунад.
Дар ин санад ҳамчунин таъкид шудааст, ки Покистон ҳамасола ду миллиард киловат соъат нируи барқи тавлиди қирғизистонро низ харидорӣ мекунад.
Дар ин созишнома эълом шудааст, ки Покистон нируи барқи тавлиди Тоҷикистону қирғизистонро аз моҳи май то моҳи сентябр харидорӣ мекунад. Ин санадро аз ҷониби Тоҷикистон Пӯлод Муҳиддинов, муъовини вазири энергетика ва саноъати Тоҷикистон имзо кардааст.
Зимнан, имзои ин созишнома дар чорчӯби дидори ҳайъатҳои кишварҳои шомили тарҳи CASA-1000, яъне Тоҷикистон, қирғизистон, Афғонистон ва Покистон сурат гирифтааст.
Эълом шуд, ки ҳазинаи ин тарҳи интиқоли нируи барқи Тоҷикистону қирғизистон ба Афғонистону Покистон ҳудуди як миллиард доллар буда ва ҳар кишвар барои эҳдоси қисмати дохилии худ бояд иқдом кунад.
То ҳол бархе аз созмонҳои молии байналмиллалӣ, назири Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки Исломии Тавсеъа изҳор доштанд, ки иҷрои ин тарҳи минтақавиро сармоягузорӣ мекунанд. Хориҷи ҷониби Тоҷикистон ҳудуди 270 миллион доллар гузориш мешавад.
Интизор меравад, умури сохтмонӣ дар ибтидои соли ояндаи мелодӣ оғоз шуда ва то соли 2017 анҷом биёбад. Русия низ ба ин тарҳ таваҷҷуҳ карда дар садад аст бархе аз харҷҳои онро сармоягузорӣ кунад.
Зимнан, Покистон аз соли гузашта дар раванди музокироти ин тарҳ мушорикат намекард. Ва танҳо баъд аз интихоби ҳукумати ҷадиди Покистон ва таъйиди ҳайъати расмии ин кишвар дар ин тарҳ раванди музокирот аз сар гирифта шуд.
Тоҷикистон ва қирғизистон, ки аз кишварҳои дорои захираҳои ғании нируи барқи обӣ дар минтақа маҳсуб мешаванд, ба иҷрои муваффақи тарҳи CASA-1000 умед доранд, зеро имкони фурӯши нируи барқи изофӣ ба кишварҳои ҳамсояро дарёфт мекунанд.
Покистон ва Афғонистон аз кишварҳое маҳсуб мешаванд, ки барои рушди иқтисоди худ ба воридоти нируи барқ ниёз доранд. Тӯли чанд соли ахир нооромиҳо дар Афғонистон ва вазъи печидаи сиёсӣ дар Покистон аз оғози иҷрои ин тарҳ ҷилавгирӣ мекард.
Бо ин вуҷуд, ширкати «Барқи тоҷик» интиқоли нируи барқ ба Афғонистонро идома медиҳад. Тибқи иттилоъи манобеъи ин ширкат ҳамарӯза ба Афғонистон ҳудуди панҷ миллион киловат соат барқ интиқол мешавад.
Ин манобеъ мегӯянд, ки Тоҷикистон аз шароити интиқоли миқдори нируи барқи бештар бархурдор аст, вале ҷониби Афғонистон ҳанӯз ба афзоиши вориди барқ ниёз надорад.
Гуфта мешавад, ки дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон ба Афғонистон 600 миллион киловат соат барқ мунтақил кардааст. Интиқоли нируи барқ ба Афғонистон то моҳи октябр идома ёфта ва сипас Тоҷикистон барқро барои бароварда сохтани ниёзҳои худ масраф мекунад.