Узбакистон ҳамоно марзро минакорӣ мекунад

Хабари хуб 18.09.2013 19:05

minen-tm-41-1Вазорати умури хориҷии Амрико мегӯяд, ҳукумати Узбакистон то соли гузашта ҳам марзи ин кишвар бо Тоҷикистонро минакорӣ кардааст.

Дар гузорише дар бораи саҳми Амрико дар барчидани минаҳо дар кишварҳои Осиё омадааст, ки Иёлоти Муттаҳида то кунун барои барчидану маҳви минаҳо ва дигар аслиҳаи нотаркида, ба Тоҷикистон тақрибан 7 миллион доллар кӯмак кардааст ва қасд дорад, ба ин кораш идома бидиҳад. Дар ин гузориши вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида омадааст, Тоҷикистон, дар марзҳояш бо Афғонистон аз шӯравии собиқ майдонҳои минакоришуда мерос гирифтааст. Узбакистон, ки баъд аз шурӯъи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар соли 1992 ба минакории марзҳояш шурӯъ кард. Ба гуфтаи вазорати умури хориҷии Амрико, ин кишвар қитъа ба қитъа минакориро идома медиҳад ва то соли 2012 кишти ин аслиҳаи маргбор дар имтидоди марзи ду кишвар идома ёфта аст. Давлати Узбакистон гуфтааст, ки бо ҳадафи пешгирӣ аз вуруди тундравон ба қаламраваш ин амалро анҷом медиҳад, аммо то кунун дар майдонҳои минакоришуда дар марз, садҳо нафар мардуми бегуноҳ, ба шумули кудакони тоҷику узбак кушта ва ё бедаступо шудаанд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97