Собянини писанди Путин шаҳрдори Маскав шуд

Хабари хуб 14.09.2013 16:30

Sergey SobyninСергей Собянин, номзади мавриди ҳимояти давлати Русия барои шаҳрдорнии Маскав, тавонист бо ба даст овардани орои каме бештар аз ҳадди нисоб пирӯз ва ба унвони шаҳрдори ҷадиди пойтахти Русия интихоб шавад.

Мақомҳои русӣ гуфтаанд, ки дар шумориши ороъ, ки тақрибан поён ёфта, Собянин муваффақ шуда 51.3 дарсади раъйро ба худ ихтисос диҳад ва дар ҳамон марҳилаи аввал ба пирӯзӣ бирасад.

Алексей Навалний, рақиби аслии Собянин, ки раҳбарии Ҷунбиши демокротихоҳиро бар уҳда дорад, 27.3 дарсади ороро аз они худ кардааст.

Барои пирӯзӣ дар марҳилаи нахусти ин интихобот ба даст овардани беш аз ниме аз оро лозим аст.

Навалний гуфтааст, ки натиҷаи ин интихобот "бавузӯҳ дасткорӣ" шуда ва хоҳони баргузории интихобот дар марҳилаи дувум шудааст. Ӯ гуфтааст, ки ба андозаи кофӣ раъй оварда, ки ин интихобот ба марҳилаи дувум кашида шавад, чун ҳангоми шумориши оро "тахаллуфи ҷиддии фаровоне" рух додааст.

Аммо Собянин гуфтааст, ки раванди баргузории интихобот ва шумориши оро "шаффоф" будааст. Ӯ эҳтимоли кашида шудани интихобот ба марҳилаи дувумро бисёр кам донистааст.

 Интихоботи шаҳрдории Маскав дар соли 2004 барчида шуд, аммо бо талоши демократихоҳон баргузории ин интихобот аз сар гирифта шудааст.

Сергей Собянин, ки дар ин интихобот аз ҳимояти Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, бархӯрдор буд, дар соли 2010 шаҳрдори Маскав шуд. Дар интихоботи ахир панҷ номзад ба рақобат бо Собянин пардохтанд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97