Рӯҳонӣ: «Дар музокироти ҳастаӣ мо аз ҳуқуқи миллат кӯтоҳ намеоем»

Хабари хуб 13.09.2013 15:23

Hasani Ruhoni 1Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Ирон, гуфтааст, ки эҳтимолан нахустин музокираи ҳастаии давлати ҷадид дар ҳошияи Маҷмаъи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки ин моҳ дар Ню-Йорк баргузор мешавад, сурат хоҳад гирифт.

Рӯҳонӣ дар суханронӣ дар ҳамоиши имомони ҷумъаи Ирон гуфт: "Шояд дар ҳафтаҳои оянда аввалин музокира дар мавриди парвандаи ҳастаӣ дар Ню-Йорк сурат бигирад ва баъд музокирот бо Гурӯҳи 5+1 дар ҷое, ки мушаххас мешавад, идома пайдо мекунад."

Рӯҳонӣ зимни ибрози умедворӣ барои бардошта шудани "қадамҳои муваффақ" дар ин музокирот гуфт: "Давлат аз ҳуқуқи миллат кӯтоҳ намеояд ва тамоми талоши худро дар ростои дифоъ аз ҳуқуқи миллат бо истидлол, ҳикмат ва тавъам бо иззат ба пеш меравад."

Раиси ҷумҳури Ирон чанде пеш масъулияти идомаи музокироти атомиро, ки аз замони оғози ин музокирот дар соли 1382 то пеш аз он бо Шӯрои олии амнияти миллӣ буд, ба вазорати умури хориҷа вогузор кард. Бо ин ҳол, вазири хориҷаи Ирон эълом кард, ки роҳбурди аслии музокиротро камокон Шӯрои олии амнияти миллӣ таъйин хоҳад кард, ки раёсати он ба уҳдаи раиси ҷумҳур аст. Рӯҳонӣ дар ин бора гуфт:" Бино бар маслаҳате музокироти ҳастаӣ ба вазорати умури хориҷа вогузор шудааст."

Ҳасани Рӯҳонӣ дар давлати Муҳаммади Хотамӣ ба муддати чаҳор сол ба унвони дабири Шӯрои олии амнияти миллӣ масъулияти тими музокиракунандагони ирониро бар уҳда дошт.

Охирин музокираи ҳастаии Ирон ва Гурӯҳи 5+1 дар ибтидои соли ҷорӣ ва дар замони давлати Маҳмуди Аҳмадинажод сурат гирифт, ки Саъид Ҷалилӣ, дабири собиқи Шӯрои олии амнияти миллӣ, сарпарастии гуруҳи ирониро бар уҳда дошт.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97