Ақибнишинии Амрико аз ҷанг бо Сурия

Хабари хуб 12.09.2013 15:56

ObamaБарак Обама, раиси ҷумҳурии Амрико, дар як мусоҳибаи телевизиюнӣ эълом кард, дар сурате ки Сурия силоҳҳои кимиёии худро таҳти контроли ҷомеъаи байналмилалӣ қарор диҳад, Амрико ба ин кишвар ҳамла нахоҳад кард.

Бо ин ҳол, Обама гуфт, ки ӯ шак дорад ҳукумати Сурия ин корро анҷом диҳад.

Дар ҳоле кунгураи Амрико барномаи давлат барои ҳамла ба Сурияро баррасӣ мекунад, ки Русия дар рӯзи душанбе пешниҳод дод, ки Сурия силоҳҳои кимиёиашро дар контроли ҷомеъаи ҷаҳонӣ қарор диҳад. Пешниҳоде, ки мавриди таваҷҷуҳи Димшқ қарор гирифт.

Амрико ҳукумати Сурияро муттаҳам кард,ки дар рӯзи 21 август дар атрофи Димишқ аз силоҳи кимиёӣ истифода карда, ки ҷараёни он 1429 нафар кушта шуданд. Бештар аз чаҳорсад нафар аз онҳо кӯдак буданд.

Сурия ин иттиҳомро рад мекунад ва дар гуфтугӯ бо як телевизиюни амрикоӣ раиси ҷумҳурии Сурия гуфт, ки ӯ иттилоъе аз ҳамлаи кимиёӣ надорад.

Башор Асад дар ин гуфтугӯ ҳамчунин аз кунгураи Амрико хост, то ба барномаи ҳамла ба Сурия раъй надиҳад.

Барак Обама дар рӯзи душанбе бо шаш шабакаии телевизиюнии амрикоӣ гуфтугӯ кард, то далелҳои худ барои ҳамла ба Сурияро ба мардуми Амрико шарҳ диҳад.

Гуфта мешавад, ки аъзои кунгура ба хотири он ки мардум мухолифи ин ҷанг ҳастанд, қасд доранд ба он раъйи манфӣ бидиҳанд. Ҳанӯз дар кунгура бештари намояндагон мегӯянд қасд надоранд иҷозаи ҷангро содир кунанд. Обама гуфта, ки ҳамла ба Сурия барои танбеҳи кишваре аст, ки аз силоҳи кимиёӣ истифода мекунад.

Дар гуфтугӯе бо шабакаи Эй-би-сӣ, Обама гуфт, ки мехоҳад мутмаъин шавад, мамнуъияти истифода аз силоҳи кимиёӣ дар ҷаҳон ҳифз мешавад.

Раиси ҷумҳурии Амрико ҳамчунин таъкид кард, ки расидан ба ин ҳадаф "барои амнияти миллии Амрико муҳим аст" ва изофа кард, ки тарҷеҳ медиҳад ин моҷаро аз тариқи дипломатӣ ҳал шавад."

Хабаргузории Ассошиэйтед пресс натиҷаи як назарсанҷиро мунташир карда, ки бар асоси он аз ҳар панҷ амрикоӣ танҳо як нафар фикр мекунад ҳамла ба Сурия метавонад ҳайбати Амрикоро муқобили дигар кишварҳо ҳифз кунад.

Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия, аз давлати Сурия хоста буд, ки таслиҳоти кимиёии ин кишварро ба унвони роҳе барои ҷилавгирӣ аз ҳамла дар ихтиёри ҷомеъаи байналмилал қарор диҳад.

С. Лавров пас аз дидори худ бо Валид Муъаллим, вазири хориҷаи Сурия, дар Маскав дар ҷараёни конфронсе хабарӣ ин пешниҳодро матраҳ кард.

Пештар Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Амрико, ки дар идомаи талошҳояш дар ҷиҳати ҷалби ҳимоят барои иқдоми низомӣ алайҳи Сурия ба Ландан сафар карда, гуфта буд, ки Сурия метавонад аз ҳамлаи низомӣ ҷилавгирӣ кунад, дар сурате, ки Башор Асад, раиси ҷумҳур, тамомии таслиҳоти кимиёии ин кишварро то ҳафтаи оянда ба ҷомеъаи байналмилал таҳвил диҳад. Ӯ билофосила афзуд, ки албатта давлати Сурия чунин нахоҳад кард. Вазорати хориҷаи Амрико каме баъд таъкид кард, он чи ки ҷаноби Керрӣ гуфта, танҳо як истидлоли лафзӣ будааст.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97