Мақомоти корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсии Душанбе мегӯянд, пас аз зуҳри 3 сентябр 4 фарзанд ва домоди Зайд Саидовро ҳам аз боздоштгоҳ раҳо карданд.
Маҳмудҷон Қосимов, яке дигар аз 6 нафари ба ҳабс маҳкумшуда ҳанӯз субҳи ҳамин рӯз аз боздоштгоҳи муваққат (ИВС)-и вазорати корҳои дохила раҳо шуда буд.
Орзу Ҷумъаев, муовини раиси шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ зуҳри 3 сентябр ба назди хабарнигороне, ки мунтазири раҳоии Маҳмудҷон Қосимов дар назди боздоштгоҳ ҷамъ омада буданд, ҳозир шуда, гуфтааст, ки ӯро ҳанӯз соати нуҳ озод кардаанд.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт рӯзи 29 август 6 иштироккунандаи флешмоби рӯзи 27 августро, ки ба ҷонибдорӣ аз Зайд Саидов, собиқ вазири саноати Тоҷикистон баргузор шуд, ба панҷ рӯзи ҳабс маҳкум кард.
Инҳо Маҳмудҷон Қосимов, муовини раиси Гуруҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав, чор писари Зайд Саидов - Хайрулло, Хусрав ва Хуршед Саидовҳо, Муҳаммадиқболи Зайд ва домоди онҳо Парвиз Хоҷаев мебошанд. Ду нафари дигар - Мавҷуда Соҳибназарова, узви Гуруҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав ва Вайсиддин Додаров, посбони Маҷмааи тиҷоратии «Пойтахт» ба маблағи 7 маоши ҳадди ақал ҷаримабандӣ шуданд.
Темур Ҳафизов, муовини раиси ин додгоҳ дар суҳбати бидуни микрофон ба радиои «Озодӣ» гуфтааст, номбаршудагон бар асоси аризаи шикоятии даҳ нафар, ки аксаран ронандаҳоянд, аз рӯи Кодекси маъмурии Тоҷикистон ба майдаавбошӣ гунаҳкор шуданд ва аз рӯи моддаи 241 - и Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон бояд панҷ рӯз дар ҳабси маъмурӣ бимонанд.
Дар варақаи айбдоркунӣ, ки аз номи сарвари шуъбаи милисаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Фотеҳ Қунғуротов ворид шудааст, ширкатдорони флешмоб шиори “Озодӣ ба Зайд Саидов!” - ро ба забон оварда, бо ин роҳ барқасдона осудагии одамонро халалдор ва ҳаракати нақлиётро дар роҳи мошингарди кӯчаи Мирзо Турсунзода халалдор кардаанд, ки ин нақзи моддаи 460 - и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон будааст.
Ба додгоҳ аз онҳое ки аз флешмоб ба милиса шикоят кардаанд, танҳо Вайсиддин Додаров даъват шудааст. Аммо ӯ дар мурофиа изҳор дошта, ки суханони ӯро таҳриф кардаанд. Аммо додгоҳ 6 нафарро бо ҷурми ширкат дар флешмоб ба 5 рӯзи ҳабс маҳкум карда, дуи дигар, аз ҷумла худи Додаровро ҷарима баст.
Аммо Маҳмудҷон Қосимов ва ҳам Хайрулло Саидов, писари бузургтари Зайд Саидов пас аз раҳо шудан аз боздоштгоҳ дар суҳбат бо расонаҳо гуфтаанд, ки дар боздоштгоҳ муносибат ба онҳо муқаррарӣ буда, ва онҳоро дар қатори дигарон барои рӯфтану побел кардани саҳни бинои боздоштгоҳ бурдаанд. Ба гуфтаи М.Қосимов ин саҳнаро ҳатто пинҳонӣ аксбардорӣ кардаанд ва ӯ эътироз карда, ки метавонанд ошкор аз ин ҳолат аксбардорӣ кунанд.
Дастандаркорони флешмоб иддаъо доранд, ки бо баргузории флешмоб ҳеч амали ғайриқонуние содир накардаанд ва боздошти онҳо ғайриқонунӣ сурат гирифтааст. Онҳо аз он изҳори тааҷҷуб мекунанд, ки ба дастони онҳо чун ҷинояткорони ашаддӣ завлона задаву онҳоро бо мошинҳои махсус ва бо ҳангома ба боздоштгоҳ бурдаанд. Бино ба нақли Маҳмудҷон Қосимов, ба ҳангоми расидани онҳо ба боздоштгоҳ масъули ин ниҳод аз онҳо суол кардааст, ки бо чӣ ҷурме онҳоро боздошт кардаанд, яке аз писарони Зайд Саидов гуфтааст, «барои пуфакпаронӣ ба ҳаво», ки ин хашми ин масъулро ба бор овардааст. Аммо чун қазияро ба масъул шарҳ додаанд, ӯ хомӯшона бадар рафтааст. М. Қосимов ҳамчун ҳуқуқшинос бо боварӣ дар суҳбат бо «Озодагон» мегӯяд, баргузории чунин флешмоб як усули пазируфта шуда дар дунёи муосир ва кишварҳои демократӣ мебошад ва ба ҳаво сар додани чанд пуфак ва раҳо кардани кабутарҳо аз қафас як амали гуманистӣ аст, на ҷиноят.
P.S.: Флешмоб ба хотири 100-умин рӯзи дар боздошт қарор доштани Зайд Саидов баргузор шуда буд. Ва бо сипарӣ шудани беш аз 100 рӯз аз боздошти ӯ ахиран Додгоҳи олии Тоҷикистон ба вакилони Зайд Саидов гуфтаанд, ки мурофиаи ӯ рӯзи 12 сентябр таҳти раёсати додраси додгоҳ Шавкат Абдулхайров пушти дарҳои баста оғоз хоҳад шуд.
Додситонии кулли Тоҷикистон ахиран ба парвандаи Зайд Саидов муҳри махфӣ зад. Вакилони дифоъи ӯ мегӯянд, шояд сабаби муҳри махфӣ задан ба ин парванда исми чандин мансабдори баландпояи собиқу фаъол дар ин парвандаи пурсарусадост.