Бино ба гузориши Би-би-сӣ бо ишора ба баёнияае, ки рӯзи чаҳоршанбе тавассути намояндаи Кохи Сафед пахш гардидааст, Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ба баргузории як нишасти дуҷониба бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар иҷлосияи сарони «Бисти бузург» дар Санкт -Петербург қасд надорад.
Дар ин маврид дар баёния гуфта мешавад, ки Обама дар тули сафари худ ба Русия қасд дорад, ки бо намояндагони ҷомеъаи маданӣ вохурӣ баргузор кунад.
Нишасти сарони «Бисти бузург» дар Санкт - Петербург 5-6 сентябр баргузор хоҳад шуд.
Гурӯҳи «Бисти бузург» аз ин кишварҳо: Австралия, Аргентина, Бразилия, Британияи Кабир, Олмон, Ҳиндустон, Индонезия, Италия, Канада, Чин, Мексика, Русия, Арабистони Саудӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Туркия, Фаронса, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Ҷумҳурии Корея, Ҷопон, ва ҳамчунин Иттиҳодияи Аврупо иборат аст.
Ёдовар мешавем, ки таниши хосе дар равобити байни Маскав ва Вашингтон бо қазияи Сноувден як корманди бахши амниятии Амрико ва паноҳ бурдани ӯ дар Русия пас аз фош кардани амали ғайриқонунии мақомоти ҷосусии Амрико ва низоъ дар Сурия марбут мебошад.