Ҳафтоду се давлат хостори дастрасӣ ба иттилооти шаҳрвандони худ дар пойгоҳи иҷтимоии Фейсбук шудаанд.
Бар асоси гузориши шаффофияти идораи Фейсбук, то кунун ҳафтоду се кишвар аз ин пойгоҳи иҷтимоӣ хостаанд, иттилооти шахсии шаҳрвандонашонро дар ихтиёри онҳо қарор диҳад.
Дар пойгоҳи иҷтимоии Фейсбук иттилооти зиёде вуҷуд дорад ва ба ҳамин иллат ба ҳадафе барои созмонҳои иттилоотии ҷаҳон табдил шудааст.
Омилҳои амниятӣ-иттилоотӣ таваҷҷуҳи вижае ба иттилооти мавҷуд дар пойгоҳҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук доранд. Туркия аз ҷумлаи кишварҳое аст, ки бештарин дархостро дар ин замина аз Фейсбук доштааст. Аммо Тоҷикистон дар ин маврид ҳеч дархосте аз Фейсбук накардааст.