Раҳбари Чин ба Осиёи Марказӣ меояд, аммо ба Тоҷикистон намеояд

Хабари хуб 05.09.2013 14:11

peng xiСафари давлатии Си Ҷинпинг, раиси ҷумҳури Чин, ба Осиёи Марказӣ рӯзи 3 сентябр аз Туркманистон шуруъ шуд.

Ба иттилои расмӣ, дар ибтидои ин сафар, ки ду рӯз идома хоҳад кард, Си Ҷинпинг ва раисҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бредимуҳаммадов дар маросими шуруъи истихроҷи газ дар кони бузурги Галканиш ширкат мекунанд. Ҳаҷми гази ин кон 26,2 миллиард метри мукааб аст ва он дар феҳристи ғанитарин конҳои гази ҷаҳон дар ҷойи дуввум қарор дорад. Чин барои коркарди кони Галканиш ба Туркманистон 8,1 миллиард доллар қарз додааст. Қарор аст, ки дар ин кони бузург беш аз 30 ҳазор нафар бо кори доимӣ таъмин шаванд. Ширкати миллии нафтугази Чин (CNPC) дар кони Галканиш 22 чоҳи газ канда, корхона ва чандин биноҳои истеҳсолӣ бунёд кардааст.

Си Ҷинпинг рӯзҳои 5-6-уми сентябр дар нишасти раҳбарони 20 кишвари пешрафти олам дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ва 13-уми сентябр дар нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар Бишкек ҳузур хоҳад дошт.

Қарор аст, ки раҳбари Чин боз аз ду кишвари Осиёи Марказӣ - Қазоқистон ва Узбакистон ҳам дидан кунад. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон сабаби ба кишвари мо наомадани Си Ҷинпингро бо он рабт додааст, ки чанде пеш сафари расмии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Чин баргузор шуда буд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97