Тарбуз хосиятҳои бисёре дорад аз он ҷумла зиддиқай ва зидди дилбеҳузурӣ аст. Махсусан барои афроде, ки дар тобистон дучори гармозадагӣ мешавад, нӯшидани оби тарбуз бо каме гулоб метавонад муфид бошад. Зидди инфексияи бадан ва дарвоқеъ поккунандаи рӯдаҳо будааст.
Дар тибби суннатии Чин пӯсти тарбузро хуб мешӯянд ва дар офтоб мегузоранд то хушк шавад, сипас аз он барои мубориза бо беморӣ истифода мекунанд, бадин сурат ки 50 грамм пӯсти тарбузро дар каме об меҷӯшонанд ва монанди чой онро менӯшанд, ки чун дорои петосими болост барои мубталоёни фишори хуни боло, фишорҳои асабӣ ва ҳамчунин барои беморони мубтало ба маризии қанд муфид аст.
Тарбуз бо доштани беш аз 90 дар сад об, барои рафъи ташнагӣ бисёр муфид аст. Ҳеч мевае то ин андоза об надорад.
Чун тарбуз дорои миқдори хеле каме садим аст, оби зиёде аз бадан дафъ мешавад ва барои касоне, ки нороҳатии гурда доранд ва афроде, ки пешоби ғализ ва зардранг бо бӯи тез доранд, бисёр хуб мебошад ва ҳатто бо нӯшидани оби тарбуз ва оби ба миқдори зиёд ин мушкилро аз байн мебаранд.
Тарбуз ба хотири доштани витамини С ва А ва бето-каротен ва ликопен, садамаҳоеро, ки бар асари стресс, кашидани сигор, самуми муҳитӣ ва доруҳо ворид мешавад, коҳиш медиҳад. Илова бар ин ибтило ба хеле аз бемориҳои дунёи мутамаддин мисли сахт шудани девораи сурхраг, саратон (хусусан саратони простатит) ва маризиҳои даврони пирӣ мисли олзоймер (алсгаймер) ва паркинсонро коҳиш медиҳад. Иллати ин маризиҳо радикалҳои озод ҳастанд. Витаминҳои тарбуз хатари ҳамлаи ин гуна касалиҳоро ба бадан заиф мекунад.
Дар тибби нетропет хӯрдани мағзи тарбуз аҳамияти зиёде дорад, бадин сурат, ки мағзи донакро ҳамроҳи худи тарбуз дар асбоби махлуткун рехта омезиш додан лозим.
Барои шахсоне, ки юбусат (сахтии шикам) доранд, хӯрдани оби тарбуз ба ин тартиб ва оби валрам билофосила баъд аз оби тарбуз дар ҳолати ношто бисёр муфид аст.