Ширкати «Эйпл» таҳрим аллайҳи Иронро шикаст

Хабари хуб 31.08.2013 21:37

appleШиркати «Эйпл» ба гирифтани номи Ирон аз листи таҳримҳои худ иқдом кард.

Хабаргузории  ИСНО хабар додааст, ки ширкати «Эйпл» дар иттилоъияе дар сайти худ эълон кардааст; бар асоси иҷозатномаи умумии D, содирот ва ё содироти дубораи хадамот, нармафзорҳо ва сахтафзорҳо (таҷҳизоти компютерӣ ва барномаҳои он)  барои иртиботи фардӣ ба таври мустақим ва ё ғайримустақим, аз хоки Амрико ва ё  аз сӯи шаҳрвандони ин кишвар дар дигар минтақаҳои ҷаҳон, барои истифода аз ҷониби корбарони одӣ дар Ирон, монеъае надорад.

Дар ин иттилоъия омадааст; ин мавзуъ ба маънои рафъи ҳамаи таҳримҳои ширкати «Эйпл» нест ва фақат баъзе аз ҷинсҳо ва қобилияти нармафзорҳои ин ширкат дар дастраси корбарони иронӣ хоҳад буд.

Чанде пеш муовини вазири корҳои хориҷаи Амрико дар гуфтугӯ бо Би-би-сӣ аз рафъи таҳримҳои Ирон дар арсаи иртиботӣ ва роёна (компютер) хабар дода буд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97