«Ҳомиён»-и қонун низ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд

Хабари хуб 27.07.2013 12:28

Sherkhon SalimovШерхон Салимзода, додситони кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як нишасти матбуотӣ эълом кард, ки дар давоми нимсолаи аввали соли 2013 1207 парвандаи ҷиноӣ, аз он ҷумла 383 парвандаи ҷиноӣ оид ба  нақзи қонун 237 парвандаи ҷиноии хусусияти коррупсионӣ дошта боз карда шуд. Ба миқдори 154,2 миллиён сомонӣ ва 35200 доллари амрикоӣ зарар ошкор ва аз он 139 миллиён сомонӣ  барқарор, аз он ҷумла 89 миллон сомонӣ ба буҷети давлат ворид карда шудааст.

Ба ғайр аз ин 2134 сар чорпо ба тариқи асл барқарор карда шудааст.Дар нимаи аввали  соли ҷорӣ ҳамчунин 6 мавриди муроҷиат дар бораи вуҷуди шиканҷа ба мақомоти додситонӣ сурат гирифтааст.

Шерхон Салимзода гуфт, аз ин 6 маврид 3 мавридаш тасдиқ  гардида нисбати гумонбаршудагон 3 парвандаи ҷиноӣ  боз шудааст, ки дуи он ба шиканҷа ва яке ба берун шудан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ дахл дорад.

 Дар ин давра нисбати 158 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ  ва судӣ  парвандаҳои ҷиноӣ оғоз карда шуда, онҳо ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудааанд.

Ба гуфтаи Додситони кули ҷумҳурӣ  дар нимаи авали  соли 2013 ҳамагӣ 10361(9404) ба кайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 957 ҷиноят  ё10,7 % зиёд мебошад. Кушодашавии ҷиноятҳо бошад 86,9 фоизро  ташкил медиҳанд,ки ба гуфтаи Ш. Салимзода нишондиҳандаи назаррас дар миёни Иттиҳодияи кишварҳои муштаракулманофеъ мебошад .

 Шерхон Салимзода аз он нигаронӣ кард, ки гуруҳҳои ҷиноӣ тарбиятгирифтагони  мактабҳои варзишӣ, ба вижа самбо гуштини шарқӣ, карате ва ғайраро  барои доираи нуфуз  ба ҷангу  муштзӯрии ҷиноӣ мекашанд ва афзуд, ки бояд соҳибони клубҳои варзишӣ ва устодони варзиш  дар интихоби дастпарварон на танҳо бо нируи ҷисмонии шогирдон, балки ба нируи ахлоқӣ ва маънавии онҳо низ диққати бештар диҳанд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97