Беш аз сӣ миллиён зану духтар дар даҳаи оянда дар маърази хатна шудан ҳастанд. Амале, ки Созмони Милали Муттаҳид онро мусала кардани олати ҷинсии занон мехонад. Ин натиҷаи як таҳқиқ аст, ки ЮНИСЕФ, Сандуқи Байналмилалии Кӯдакони Созмони Милал, анҷом додааст.
Бино ба ин таҳқиқ, ҳамакнун дар ҷаҳон беш аз 125 миллиён зану духтар зиндагӣ мекунанд, ки хатна шудаанд. Онҳо сокини кишварҳое ҳастанд, ки бештаринашон акнун бо ин амал мухолифанд.
Дар бархе аз кишварҳои африқоӣ, Ховари Миёна ва шарқи Осиё, духтаронро ба ин хотир, ки бакораташон ҳифз шавад, хатна мекунанд. ЮНИСЕФ, аз кишварҳои ҷаҳон хоста, то бо ин амал мухолифат кунанд.
Он тавр, ки таҳқиқи ин ниҳоди байналмилалӣ нишон медиҳад, тамоюл барои хатна кардани духтарон дар миёни занону мардон дар ҷаҳон коҳиш ёфтааст.
Гито Роу Гупто, муовини мудири иҷроии ЮНИСЕФ, гуфта, ки хатнаи духтарон таҳдиде ба ҳаққи сиҳҳату саломатии онҳост. Ӯ аз гузориши созмони тобеъи худ натиҷа гирифт, ки: "Қонунгузорӣ танҳо роҳи мубориза бо ин мавзӯъ нест.
Гузориши ЮНИСЕФ баргирифта аз иттилоъоте аст, ки дар 20 соли гузашта ва аз 29 кишвари африқоӣ ва ховаримиёнаӣ ба даст омада, ки ҳанӯз дар онҳо хатнаи духтарон иттифоқ меафтад.
Бино ба ин гузориш теъдоди духтароне, ки дучори ин амал мешаванд, нисбат ба 30 соли гузашта камтар шудааст.
Ёфтаҳои ин гузориш нишон медиҳад, ки эҳтимоли хатна шудани духтарон дар кишварҳои Танзания ва Кения як севум камтар шудааст ва дар кишварҳои Африқои Марказӣ, Ироқ, Либериё ва Нигерия ҳудудан нисф шудааст. Аммо ҳамчунон хатнаи духтарон дар Сомалӣ, Гине, Ҷибутӣ ва Миср ба ҳамон мизони қабл идома дорад.
Бино ба ин таҳқиқ бештари занон ва духтарон мухолифи мусала кардани олати ҷинсии духтарон ҳастанд ва теъдоди қобили таваҷҷуҳе аз мардону писарон ҳам бо ин амал мухолиф ҳастанд.
Бону Роу Гупто гуфтааст, ки алон "муҳим ин аст, ки ба мардону писарон ва занону духтарон иҷоза дод, то бароҳатӣ мухолифаташонро бо ин амал унвон кунанд." Ин амал мумкин аст боъиси хунрезиҳои шадид, мушкили идрор, уфунат, нозоӣ ва боло рафтани эҳтимоли маргу мири навзодон шавад.