ВКД; Ҷиноят рӯ ба афзоиш ниҳодааст

Хабари хуб 25.07.2013 11:22

Ramazon Rahimov darНимсолаи аввали соли равон кормандони милиса 4 узви гуруҳи ҷиноятпешаи Абдулло Раҳимов (Мулло Абдулло)-ро боздошт наму-данд, ки дар содир намудани 11 ҷиноят гумонбар дониста мешаванд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ  Рамазон Раҳимов вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин давра кормандони ВКД ҳамчунин 12 узви созмони Ҳаракати исломии Узбекистон, 11 узви созмони "Ансоруллоҳ", се тан аз аъзои ҷамъияти "Ҷундуллоҳ" ва як нафар аъзои созмони ифротгарои "Ҳизб-ут-Таҳрир"-ро низ дастгир намудаанд.

Вазир зикр кард, ки тайи 6 моҳи соли ҷорӣ дар саросари ҷумҳурӣ 10 ҳазору 361 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 10% бештар мебошад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97