Бародар хоҳари 19 солаи худро дар Кӯлоб кушт

Хабари хуб 25.07.2013 10:34

FB24699F-9D04-4740-80D5-E88FEA8E024E mw1024 n sВазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз қатли фоҷиабори як духтари 19 сола дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон хабар додааст.

Тибқи иттилоъи сайти расмии ин вазорат, ки рӯзи 22 июл пахш шудааст, Парвина Сабзаеваи 19 сола аз сӯйи бародараш буғӣ шудааст. Ин сайт менависад, ки дар робита ба ин ҳодиса кормандони милитсияи минтақа парвандаи ҷиноӣ боз карда ва бозрасон таҳқиқоти онро анҷом медиҳанд.

Мақомоти милитсия мегӯяд, ки таҳқиқоти муқаддамотӣ даракгӯ аз он аст, ки ангезаи ин қатл "хусумати бародар алайҳи хоҳар" буда ва ҷасади духтари ҷавон дар рӯдхонаи Ёқсуи ҷамоъати Кӯлоб ёфт шудааст.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти зидахл аз афзоиши ҷароими қатл дар ним солаи аввали соли 2013 дар кишвар хабар додаанд.

 

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97