Бино бар пажуҳиши коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ Қазоқистон пешрафтатарин кишвари Осиёи Марказӣ аз нигоҳи иқтисод ва сарватмандтарин дар минтақа ҳисобида шудааст.
Ин гузориши коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ бар асоси тавлиди нохолиси дохилии ин кишвар хулоса шудааст. Дар гузориши ин бонк омадааст, ки коршиносон тавлиди нохолиси дохилии кишварҳоро муқоиса карда, аз ҷумла Қазоқистон, ки бар сари ҳар шаҳрвандаш ҳудуди 10 ҳазор доллар рост меояд, сарватмандтарин кишвари Осиёи Марказӣ ҳисобидан.
Ба гуфтаи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ Тоҷикистон бо даромади ҳар сокинаш камтар аз ҳазор доллари амрикоӣ фақиртарин кишвар дар Осиёи Марказӣ дониста шудааст.