Системаи нави иттилоотие, ки аз моҳи марти соли 2012 инҷониб дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фаъол аст, ҳамарӯза ба шаҳрвандон оид ба вуруд ба қаламрави Федератсияи Россия маълумот медиҳад.
Дастрас намудани маълумоти саҳеҳ дар реҷаи «Онлайн» дар асоси шартномаи ҳамкорӣ миёни хадамоти муҳоҷирати кишварҳои Тоҷикистон ва Россия имконпазир гардид. Хубии кор дар он аст, ки нафарони вурудашон ба қаламрави Россия манъ буда иттилои пешакӣ гирифта аз сафарҳои бебарор худдорӣ намуда, хароҷоти зиёдатии буҷаи хонаводагиро пешгирӣ менамоянд.
Аз хизматрасонии шӯъбаи маълумотдиҳӣ дар моҳи июни соли ҷорӣ 7000 мусофир истифода намуданд, аз ин шумора 1040 нафар манъ будани вуруд ба қаламрави Россияро барои худ дарёфтанд.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ 26 866 нафар шаҳрванд ба шӯъбаи маълумотдиҳӣ муроҷиат намудаанд, аз ин шумора ба 1743 нафар оид ба манъ будани вуруд ба қаламрави Россия маълумот дода шудааст, аз ин ҳисоб маблағи эҳтимолии сарфашуда 1 132 950 долларро ташкил медиҳад.
Котиби матбуотии ФБД М. Шодиев