Ҳукумати ИМА шавқи кӯдаконро барои мутолиа инкишоф медиҳад

Хабари хуб 11.07.2013 16:50

usaid col logo2-300x297 Кэтлин Макдоналд, Директори Оҷонсии Амрико оид ба рушди байналхалқӣ дар Тоҷикистон (USAID), дар маросими эҳдо намудани зиёда аз 300 китоб барои кӯдакони синни томактабӣ ба китобхонаи мактаби таҳсилоти умумии № 2 ноҳияи Сарбанди вилояти Хатлон иштирок намуд.

Маросими мазкур дар чорчӯбаи лоиҳаи «Хониши хонаводагӣ барои кӯдакон», ки тавассути Оҷонсии Амрико оид ба рушди байналхалқӣ (USAID) маблағгузорӣ шуда, аз ҷониби Фонди тоҷикистонии Оқохон амалӣ карда мешавад, сурат гирифт. Ҳадафи лоиҳа дастгирӣ намудани Ҳукумати Тоҷикистон дар кори инкишоф додани шавқу рағбати кӯдакони хурдсол ба хондани китоб ва аз ин тариқ беҳтар кардани малакаҳои саводомӯзӣ ва маърифатии онҳо ба шумор меравад.  

Дар маросим Кэти Макдоналд, Директори Оҷонсии Амрико оид ба рушди байналхалқӣ дар Тоҷикистон, Нисо Қоқова, намояндаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зулобӣ Мамадфозилов, Менеҷери Барномаи маорифи Фонди тоҷикистонии Оқохон, Қарахон Чиллаев, Раиси ноҳияи Сарбанд ва ҳамчунин кормандони соҳаи маорифи ноҳия, омӯзгорони мактаб, волидон ва хонандагон ширкат доштанд. 

Лоиҳа ба Ҳукумати Тоҷикистон дар самти густариш додан ва тақвият бахшидани ташаббусҳо оиди рушди барвақтии кӯдак дар 246 деҳаи ҳашт ноҳияи вилояти Хатлон (Ҷиликул, Қумсангир, Xалолиддини Румӣ, Ёвон, Вахш, Сарбанд, Муминобoд ва Ховалинг) ва 3 ноҳияи ВМКБ (Рӯшон, Роштқалъа ва Ишкошим) кӯмак менамояд.

Хонум Макдоналд изҳор дошт: “Бештар аз даҳ сол аст, ки Ҳукумати ИМА шарики фаъоли Ҳукумати Тоҷикистон дар соҳаи маориф буда, барои беҳтар намудани натоиҷи таълиму тадрис кӯмаки машваратӣ мерасонад. Дар ҳамкорӣ бо ҳукумат мо замонат медиҳем, ки кӯдакони синни томактабии таҳти фаъолияти лоиҳа қарордошта дар кори хониш ба беҳтарин муваффақиятҳо соҳиб мешаванд ва волидону ҷомеа нақши худро ҳамчун кӯмакрасон дар кори пешбурди хониш ва ба як қисми муҳими зиндагии кӯдакон табдил додани китоб идома хоҳанд дод. 

Ҷаноби Мамадфозилов қайд кард, ки: «Хониши хонаводагӣ яке аз ташаббусҳои калидии Фонди тоҷикистонии Оқохон аст, ки Ҳукумати кишварро дар самти амалӣ кардани ташаббуси хониши хонаводагӣ барои кӯдакон кумак карда, волидон ва ҷомеаро барои ширкати фаъол доштан дар раванди таҳсили фарзандонаш дастгирӣ менамояд»

Ҷаноби Чиллаев оиди муҳим будани лоиҳаи мазкур барои ноҳия ва таъсири он ба натиҷаи хониши кӯдакон ҳарф зада гуфт: «Ғанӣ гардидани китобхона аз ҳисоби китобҳои нав барои волидон ва ҷомеа имкони интихоби маводи хониш ва имконияти ба мактаб беҳтар омода намудани кудаконашонро фароҳам меорад»

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97