Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он деканҳои факултетҳо, муовинони ректор ва хабарнигорон иштирок доштанд. Нишастро Турсунов Абдуқаҳор муовини ректор шуруъ намуда, дар мавриди донишгоҳ ва фаъолияту муваффақиятҳои он маълумот дод.
Абдуқаҳор Турсунов гуфт ки «Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ донишгоҳи базавии омодакунии мутахасисони муҳандис дар соҳаи энергетика, саноат, сохтмон ва меъморӣ, алоқа, нақлиёт ва коммуникатсия буда, яке аз муассисаҳои бузурги таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Дар сохтори донишгоҳ -Донишкадаи политехникӣ дар шаҳри Хуҷанд, Колеҷи техникӣ дар шаҳри Душанбе, нуҳ факултет фаъолият намуда, аз рӯи беш аз 80 ихтисос ба зиёда аз 17000 ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд. Дар сохтори донишгоҳ ҳамаи зинаҳои то таҳсилоти олии касбӣ ва баъди таҳсилоти олии касбӣ-курсҳои тайёрӣ, литсеи техникӣ, аспирантура, доктурантура амал менамоянд. Раёсат ва донишгоҳ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, то ки фаъолияти донишгоҳро тибқи талаботи замонавӣ ба роҳ монанд ва сатҳу сифати таълимро беҳтар созанд. Барои ҳамалӣ сохтани ин мақсад аз шаклу усулҳои замонавии таълим истифода намуда кӯшиш мекунанд, ки марҳила ба марҳила ба фазои ягонаи ҷаҳонии таълим ворид шаванд ва мутахасисони баландихтисосро омода созанд, то ки дар бозори ҷаҳонӣ рақобат карда тавонанд.
Донишгоҳ пура ба низоми кредитӣ гузаштааст. Ва дар ин самт низ фаъолияти пурсамари худро ба роҳ монда аст. Пойгоҳи моддӣ низ дар ДТТ сол аз сол пурқувват мегардад».
Дастоварди асосии донишгоҳ ин зиёда аз 50 000 нафар хатмкунандагони он мебошад, ки дар сохторҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ва берун аз он фаъолият намуда истодаанд. Ва аз байни 5 нафар Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 нафарашон дастпарвари Донишгоҳи техникӣ буданд.
Имсол донишгоҳро 2025 нафар хатм карда, соҳиби диплом шуданд, ки 438 нафарашон хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавӣ мебошанд, 65 нафар хатмкунандагон соҳиби дипломи аъло шуданд. Ҳар сол 80-85% хатмкунандагони гуруҳҳои буҷавиро бо роҳхат ба ҷои кор таъмин мешаванд ва донишгоҳ чора андешида истодааст, ки робитаро бо вазорату идора ва корхонаҳои истеҳсолӣ дар шакли сифати нав ба роҳ монда, масъалаи ба ҷойи кор таъминкунии хатмкунандагони донишгоҳро беҳтар намояд.
Қабули довталабон имсол ҳамчун солҳои қабли сурат мегирад. Дар самти корҳои тарбиявӣ низ баъзе чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ, меҳнатӣ ва маҷлису вохӯриҳои гуногун баргузор гардидаанд.
Робитаҳои хориҷии донишгоҳ рӯ ба инкишоф аст, бо 80 муасисаҳои таҳсилоти олӣ ва марказҳои илмию таълимии хориҷӣ шартномаи ҳамкориҳои дуҷониба дошта, аъзои зиёда аз 10 ассотсиатсия ва ташкилотҳои байналмилилалии донишгоҳҳои минтақа ва ҷаҳон мебошад.
Дар соли 2013 устодону кормандони донишгоҳ аз рӯи 5 мавзӯи фармоиши буҷавии Вазорати маорифи ҶТ ва зиёда аз 128 мавзӯи тадқиқотҳои фардӣ, мувофиқи нақшаи тақвимии тасдиқшудаи корҳои илмӣ таҳқиқот пеш бурдаанд. Дар соли сипаришуда маҳсули 32 кори илмӣ-тадқиқотӣ дар истеҳсолот ва 41 кор дар ҷараёни таълим ҷорӣ шудааст.
Дар охири суҳбати худ А Турсунуф гуфт: «Ба мақсади дастгирии корҳои эҷодию ихтироъкории устодону донишҷӯйён дар соли ҳисоботӣ 50 000 сомонӣ (4 гранти 5000 сомонӣ барои донишҷӯйён ва 3 гранти 10 000 сомонӣ барои устодон) маблағ ҷудо намуда будем. Аммо аз рӯи озмун фақат як грантро ба устодону донишҷӯйён ҷудо карда будем. Умедворем, ки имсол шумораи довталабони арзанда хеле зиёд шавад.»