Ҳакерҳо дар Душанбе боздошт шуданд

Хабари хуб 10.07.2013 19:31

khakerho dar dshВазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ошкор кардани як ҳодисаи киберҷиноӣ хабар додааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, дар натиҷаи анҷом додани як амалиёт маълум шудааст, ки се сокини Душанбе бо истифода аз таҷҳизоти компютерӣ вориди симкортҳои ширкати "Вавилон М" ва "Индиго" шуда, ғайриқонунӣ мавриди истифода қарор додаанд.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ин афрод аз ҷониби гуруҳи кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи вазорат боздошт шуданд.

Ба гуфтаи ин сухангӯ дар натиҷа маълум карда шудааст, ки се сокини шаҳри Душанбе Денис Раҳимов, Ҷамшед Ҷӯраев, Парвиз Назаров дар муддати аз моҳи май то октябри соли гузашта дар кӯчаи Ҳофизи Шерозии пойтахт ҳуҷраеро ба иҷора гирифта, ғайриқонунӣ таҷҳизоти техникӣ, 1 адад блоки системавӣ ва 6 дона USB-HUB бо 58 дона 3G модемро гузошта, бо истифода аз барномаҳои махсуси компютерӣ, ба системаи ҳифозатӣ ворид шуда, 217 адад симкортҳои ширкати "Вавилон М" ва 217 симкортҳои ширкати "Индиго Тоҷикистон"-ро мавриди истифода қарор додаанд. Тайи ин муддат онҳо ба маблағи 226 ҳазору 262 сомониву 39 дирам сомонӣ ба Ширкати "Вабилон М" ва ба маблағи 101 ҳазору 298 сомониву 66 дирам ба "Индиго" зарар расонидаанд.

Ин амали гуруҳи мазкур киберҷиноят дониста шуда, тибқи моддаҳои 298 "ғайриқонунӣ даромадан ба иттилоотии компютерӣ" ва моддаи 299 "тағйир додани иттилоотии компютерӣ"-и Кодекси ҷиноӣ, парванда боз шудааст.

Боздошти ин афрод дар ҳолест, ки Тоҷикистон мехоҳанд як маркази вижаи мубориза бо киберҷиноятҳо ташкил диҳанд. Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилӣ рӯзи 2-юми июл дар як ҳамоиш бо нигаронӣ изҳор дошт, ки мизони киберҷиноят дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст ва ВКД дар назар дорад, ки дар наздиктарин фурсат Маркази мубориза бо ин навъи нави ҷиноятҳоро таъсис бидиҳад.

Феълан дар Тоҷикистон танҳо як шӯъбаи хурди мубориза бо киберҷиноят дар раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД амал мекунад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97