Нигоҳи нав ба инқилоби Бухоро

Хабари хуб 08.07.2013 15:55

Imper.eng.IMGАввали моҳи июли соли равон бо кӯмаки молиявии Шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» Бунёди Мадад дар Тоҷикистон китоби охирини шодравон академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ «Фитнаи инқилоб дар Бухоро» аз забони тоҷикӣ ба русӣ ва англисӣ тарҷума шуда, аз чоп баромад.

Китоби мазкур ҳанӯз соли 2010 зери таҳрири Пайванди Гулмуродзода дар нашриёти «Шуҷоиён» ба табъ расида буд. Китоби «Фитнаи инқилоб дар Бухоро»-ро адабиётшинос Масрури Абдуллоҳ аз тоҷикӣ ба русӣ тарҷума кардааст. Қаринаи русии китоб аз ҷониби Абдураҳмон Абдуманнонов ва писари муаллиф Рустам Шакурӣ таҳрир шудааст.

Китоби номбурдаро Шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ба забони русӣ бо номи «Империалистическая революция в Бухаре» бо теъдоди 650 нусха ва ба забони англисӣ ба унвони «The Imperialist Revolution in Bukhara» бо теъдоди 650 нусха дар нашриёти «Голд принт» аз чоп баровард.

Китоби «The Imperialist Revolution in Bukhara»-ро Баҳриддин Ализода аз тоҷикӣ ба забони англисӣ тарҷума карда, онро Джеймс Кларк ва писари муаллиф Анвар Шакурӣ таҳрир кардаанд.

Дар китоби номбурда муаллиф бо нигоҳи нав воқеаҳои инқилоби Бухороро баррасӣ карда, муайян кардааст, ки он раванди табийи таърихӣ ва иҷтимоӣ набуда, балки истилои болшевикони Русия ва табадулоти давлатӣ будааст.

Китоби мазкур ба китобхонаҳои донишгоҳу донишкадаҳо ва китобхонаҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ройгон тақсим карда мешавад. 

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97