Дар ҷашнвораи филми Байтулмуқадас дар Исроил, ки аз 4 то 13 июл баргузор мешавад, бо намоиши филмҳои «Габаҳ», «Cалом синамо», «Сафари Қандаҳор» ва «Боғбон» аз сохтаҳои Муҳсини Махмалбоф, аз ин филмсози иронӣ тақдир мешавад.
Муҳсини Махмалбоф, ки ба тозагӣ раёсати ҳайъати доварони ҷашнвораи филми Маскавро бар уҳда дошт, барои намоиши тозатарин филмаш «Боғбон», дар ҷашнвораи филми Байтулмуқадас ҳузур хоҳад ёфт.
Филми «Боғбон», ки Муҳсини Махмалбоф онро бо ҳамкории писараш Майсам Махмалбоф коргардонӣ карда, дар рӯзҳои нӯҳум ва даҳуми июл дар ин ҷашнвора намоиш дода мешавад.
«Боғбон» як филми мустанади достонӣ аст, ки дар шаҳрҳои Байтулмуқадас, Ҳифо ва Ако дар Исроил филмбардорӣ шудааст. Муҳсин Махмалбоф, Майсам Махалбоф, Аюна Ририево, Пауло Асадӣ ва Гиём Ниёготорӣ дар ин филм нақш мебозанд.
Филми «Боғбон» пеш аз ин ҷоизаи беҳтарин филми мустанади дувоздаҳумин ҷашнвораи солонаи филми Бейрутро дарёфт карда буд.
Ҷашнвораи филми Байтулмуқадас аз соли 1984 ба сурати солона баргузор мешавад ва дар солҳои гузашта филмҳое аз Муҳсин, Самиро ва Ҳино Махмалбофро ба намоиш гузоштааст.
То кунун шуморе аз сохтаҳои коргардонони иронӣ аз ҷумла Аббос Киёрустамӣ, Асғари Фарҳодӣ, Маҷид Маҷидӣ ва Комбизёри Партавӣ дар синамоҳои Исроил намоиш дода шудаанд.