Охируззамон дар соли 1000002013

Хабари хуб 08.07.2013 10:44

venus nasaШабеҳсозии компютерӣ нишон медиҳад, ки дар кураи Замин ба шакли феълӣ аз як миллиард соли дигар бештар номумкин хоҳад буд. Дар он замон оташи сӯзони хуршед Заминро ба ҷаҳаннаме бадал хоҳад кард, ки ҳаёт тақрибан ба таври комил аз он рахт хоҳад барбаст, ҳарчанд навъе микроб метавонад парчами ҳаётро то тақрибан се миллиард соли дигар барафрошта нигаҳ дорад.

Донишмандон ҳар рӯз дар бораи хатароти афзоиши диоксиди карбон ва падидаи газҳои гулхонаӣ ба унвони мушкили асосии кураи Замин ҳушдор медиҳанд, аммо поёни ҳаёт дар кураи Замин ба иллати издиёди диоксиди карбон нахоҳад буд, балки камбуди диокситди карбон камари ҳаётро дар ин кура хоҳад шикаст.

Донишмандони донишгоҳҳои Сэнт-Эндриуз, Эдинбург ва Дондӣ дар Исландия бар асоси ин воқеъият, ки бо гузашти замон хуршед фурӯзонтар ва доғтар мешавад, муделе компютерӣ тарроҳӣ карданд, то бубинанд кураи Замин як миллиард соли дигар чи ҷое хоҳад буд.

Бар асоси ин мудел, тақрибан 1.1 миллиард соли дигар тағйироти асосӣ дар Замин рух хоҳад дод: Офтоб дар он замон оби уқёнусҳоро табхир ва хушк карда ва атмосфераи анбошта аз бухори об шудааст.

Ба гуфтаи Ҷек Умолӣ Ҷеймз, зист-ахтаршиноси донишгоҳи Сэнт-Эндриузи Исландия дар он замон "дамои Замин сад ё бештар аз сад дараҷаи сонтигрод бештар аз дамои феълӣ хоҳад шуд."

Вокунишии шимиёии миёни диоксиди карбон бо бухор дар атмосфераи Замин, сабаб мешавад, ки мизони диоксиди карбон дар атмосфера башиддат коҳиш пайдо кунад.

Бинобар ин диоксиди карбон барои фаъолияти гиёҳоне, ки фотосинтез мекунанд, кофӣ нахоҳад буд. Бидуни гиёҳ, ҷонварони гиёҳхор ва баъд аз он ҳайвоноти гӯштхор ба охири хат мерасанд.

Ин мавзӯъ илҳомбахши ҳунармандоне шуда, ки бо тахайюлашон иҷоза доданд, як миллиард сол пеш бираванд ва Клик тасовире ҳунармандона аз кураи Замини оянда ироа диҳанд.

Дар он замон навъе бактерияи мавсум ба экстримофил, ки дар ҳоли ҳозир ҳам дар кураи Замин вуҷуд доранд, танҳо мавҷуде хоҳанд буд, ки метавон гармои шадиди ташаъшуъоти радиоактив ва атмосфераи масмуми кураи Заминро тоб биёваранд.

Ин бактерияҳо дар шароите, ки ҳаёт барои дигар мавҷудот номумкин аст, дар гармо ё сармои шадид, дар умқи Замин ва бидуни нури офтоб метавонанд ҳатто то чанд миллион сол зинда бимонанд.

Ҷек Умоли Ҷеймз мегӯяд: "Тамоми мавҷудоти зинда ба оби ошомиданӣ ниёз дорад, бинобар ин ҳаёт маҳдуд ба ҷоҳои хунуктар ва муртафаътар ё ғорҳои зерзаминӣ хоҳад буд."

Саранҷом ин бактерияҳо ҳам дар муқобили шароити ғайри қобили зисти кураи Замин таслим мешаванд ва 2.8 миллиард соли дигар кураи Замин комилан фоқиди ҳаёт хоҳад шуд.

Ҷек Умолӣ Ҷеймз мегӯяд вақте "ба дунболи ҳаёт дар ҷое ба ғайр аз кураи Замин мегардем, фикри мо бештар маътуф ба шакле аз ҳаёт аст, ки алон дар Кураи Замин вуҷуд дорад. Ин шакли ҳаёт нишонаҳое мисли оксиген ва азон дар атмосфера боқӣ мегузорад, ки дар бисёр чизҳо ҳикоят дорад."

Бинобар ин агар сайёрае мушобеҳи кураи Замин шиносоӣ шавад, "эҳтимоли ин ки дар он ҳаёти микробӣ ёфт шавад, бисёр бештар аст."

Агар кураи Замин дар оянда монанди ҳамон чизе бошад, ки ин моделсозӣ пешбинӣ карда, ҳаёт дар кураи Замин (сарфи назар аз микробҳои ҷонсахт) тақрибан то як миллиард соли дигар идома хоҳад дошт, бинобар ин феълан таърихе, ки барои охируззамон метавон таъин кард ин аст: Соли 1000002013.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97