Фавзия, нахустин ҳамсари шоҳи собиқи Эрон даргузашт

Хабари хуб 04.07.2013 18:18

FavziyШоҳзода Фавзия, нахустин ҳамсари Муҳаммад Ризошоҳи Паҳлавӣ, подшоҳи собиқи Эрон дар сини 91 солагӣ дар шаҳри Искандарияи Миср даргузашт.

Як афсари полиси маҳаллӣ ва аъзои хонаводаи ӯ дар гуфтугӯ бо хабаргузории Рейтер хабари даргузашти Фавзия, маликаи пешини Иронро таъйид кардааст.

Шоҳзода Фавзия хоҳари малик Форуқ, подшоҳи пешини Миср буд, ки дар авохири соли 1324 дар Коҳира бо Муҳаммадризои Паҳлавӣ, валиаҳди вақти Ирон издивоҷ кард.

Шаҳноз нахустин фарзанди шоҳи собиқи Ирон ҳосили ин издивоҷ аст.

Фавзия пас аз 9 сол аз Муҳаммадризошоҳ ҷудо шуд ва баъдҳо бо яке аз афсарони артиши Миср издивоҷ кард.

Маросими ҷанозаи Фавзия дар Миср анҷом шуда, пайкари ӯ дар Қоҳира ба хок супурда шуд.

Пайкари Муҳаммадризои Паҳлавӣ, охирин шоҳи Ирон ҳам дар ҳамин шаҳр дафн шудааст.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97