Бозгашти Муҳсин Муҳаммадиев ба футболи тоҷик

Хабари хуб 03.07.2013 20:03

bozgasht ba footbalБарои нахустин бор Муҳсин Муҳаммадиев ба симати сармураббии тими миллии кишвар 14 август бо дастпарваронаш дар бозии дӯстона бо тими миллии Ҳинд бозӣ хоҳад кард.

Баъд аз зуҳри рӯзи сешанбеи 2 июл дар ҳутели "Hyatt Regency" дар шаҳри Душанбе Муҳсин Муҳаммадиев, бозигари шинохтаи тими футболи "Помир" расман сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон эълом шуд.

Рустами Эмомалӣ, раиси Федеросиюни футболи Тоҷикистон Муҳсин Муҳаммадиевро пас аз имзои ин қарордод ба симати сармураббии тими миллии футболи кишвар табрик намуда ва гуфт: "Аз хабарнигорони варзиш ва мухлисони футбол хоҳиш мекунам, ки то чанд муддате, ки тими миллии кишвар комилан таъсис нашавад аз оқои Мухаммадиев ва тими миллӣ таваққуъи беш аз ҳад надошта бошанд, зеро то як соли дигар дар ҳайъати ин тим бояд бозикунони ҷадид ворид шаванд."

Тибқи ин қарордод оқои Муҳаммадиев ду давраи як солу нима ва дар маҷмӯъ се сол ба симати сармураббии тими миллӣ фаъъолият хоҳад кард.

Дар ин нишаст гуфта шуд, ки дар замони сармураббияти қаблӣ тарафдорони футболи кишвар таваққуъи бештар аз тими миллии кишварашонро доштанд, аммо таҷрубаи ҳамкорӣ бо мураббиёни хориҷӣ ин таваққуъи тарафдоронро бароварда натавонист.

Рустами Эмомалӣ гуфт, таҷрубаи ҷалби мураббиёни хориҷӣ ба тими миллӣ натиҷаи назаррасе ба бор наёвард ва аз ин рӯ тасмим гирифтанд бо беҳтарин бозигарони бошгоҳи як замон пуровозаи Тоҷикистон "Помир", Муҳсин Муҳаммадиев ба симати сармураббии тими миллии Тоҷикистон ва Олег Ширинбеков, сармураббии тими "Истиқлол" қарордод ба имзо бирасонанд.

Аммо дар ин нишасти матбӯъотӣ дар ҳузури хабарнигорон Рустами Эмомалӣ аз ифшои миқдори маблағи қарордод бо оқоён Муҳаммадиев ва Ширинбеков худдорӣ кард.

Ширинбеков, дар баробари сармурабии тими "Истиқлол" ҳамчунин дастёри Муҳсин Муҳаммадиев дар бозиҳои тими миллӣ фаъъолият хоҳад кард.

Барои нахустин бор Муҳсин Муҳаммадиев ба симати сармураббии тими миллии кишвар 14 август бо дастпарваронаш дар бозии дӯстона бо тими миллии Ҳинд бозӣ хоҳад кард.

Муҳсин Муҳаммадиев 46 сол дорад ва дар бошгоҳҳои "Пахтакор" ва "Помир"-и Тоҷикистон бозӣ кардааст., Ҳамчунин дар бошгоҳҳои русии "Локомотив", "Спартак" ва "Торпедо" бозӣ кардааст

Аз соли 2008 ва то ин авохир Муҳсин Муҳаммадиев раҳбари бахши варзишии бошгоҳи "Рубин"-и шаҳри Қазон буд ва қабл аз муҳлат қарордоди ӯ бо ин тим лағв шуд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97