«Шабе дур аз Ватан» намоишномаи театри ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ба ифтихори ташрифи Бозор Собир шоири маъруфи тоҷик шоми рӯзи 25 июн намоиш дода шуд.
Бозор Собир, ки тамошочии хоси ин намоишнома буд, пас аз фориғ шудан аз тамошои он гуфт, ки худро аз устодон Айниву Лоҳутӣ хушбахттар мешуморад, зеро дар зиндагӣ шоҳиди офаридани нақши худ рӯи саҳнаи театр шудааст.
Шоир гуфт, ки тамошои ин намоишнома ӯро таҳти таъсир қарор додааст ва воқеан кори ҳунармандон шоистаи таҳсину офарин аст. Ӯ гуфт, ки навори ин намоишномаро қаблан дар Амрико дида буд, аммо ҳоло ин бахт насибаш гардида, ки онро аз наздик тамошо кардааст. Бозор Собир қаблан нақде ҳам пас аз тамошои навори ин намоишнома навишт, ки дар ҳафтаномаи «Миллат» ба табъ расида буд.
Намоишномаи “Шабе дур аз Ватан”-ро Нозим Меликов аз рӯи ашъори Бозор Собир таҳия кардааст.
Бозор Собир ҳамчунин хабар дод, ки хонаводааш ба зудӣ ба ватан бармегарданд ва бо ӯ ин ҷо зиндагӣ ихтиёр хоҳанд кард.