«МегаФон» футболбозони наврасро барои таҷрибаомӯзӣ ба лагери «Аякс»-и Амстердам равона намуд

Хабари хуб 30.06.2013 11:50

Muhammad varatarДарвозабони беҳтарин аз Тоҷикистон Муҳаммадҷон Раҳмонов, тарбиятгирандаи мактаб-интернати №1 шаҳри Душанбе ба лагери варзишии клуби футболи ҳолландии «Аякс» фиристода шуд. Муҳаммадҷон дар ин макон аз 16-ум то 22-уми июн машғули машқу тамрин буд.

Дар охиримоҳи май дар шаҳри Сочии Федератсияи Руссия Чемпионати 8-уми кушодоид ба футбол миёни дастаҳои хонаи кӯдакон ва мактаб-интернатҳо «Оянда ба ту вобастааст!», бодастгирии ширкати «МегаФон», Иттифоқи футболи Русия ва Вазорати варзиши ФР баргузор шуд. Бозингарони беҳтарини мусобиқа, соҳиби тӯҳфаи махсус – таҷрибаомӯзӣ дар лагери футболи «Аякс» ки барои нахустин бор аст, дар Подмоскове ифтитоҳ шудааст.

Club AyaksДар Истироҳатгоҳи «Аякс» ба кӯдакон мураббиёни собиқадори клуб ҳолландӣ, ки маъруфияти ҷаҳонӣ доранд, тамринҳои махсус гузаронданд. Ҷараёни пурмаҳсули машқҳо, барномаи мукаммали фароғатӣ, хуроки солим ва ҳавои тозаи аз шаҳр берун барои кӯдакон истироҳати олӣ ва таассуроти фаромӯшнашавандаеро ба думбол дошт!

 «Дар Академияи мо бо кӯдакон мураббиёни варзидаи «Аякс» Алекс Гирнэртва Марко Брагони машқҳо гузарониданд, - мегӯяд Том Сауэр, директори генералии лагери «Аякс» дар минтақаи Подмоскове. – Кӯдакони Русия ваТоҷикистон имкони беназиреро барои тамрин бо мураббиёни собиқадори яке аз макотиби беҳтарини олами футбол ба даст оварданд. Мураббиёни номбурда дар омода намудани чунин ситораҳо, ба монанди Уэсли Снайдер, Йоханн Кройфф, Марко ванн Бастен, Деннис Бергкамп саҳми назаррас гузоштаанд. Барои «Аякс» низ он далел, ки дар соли ҷорӣ ба шарофати ширкати «МегаФон» дар лагер иштирокчиёни Ҷоми «Оянда ба ту вобастааст!» аз курси омӯзишӣ хоҳанд гузашт, бисёр муҳимаст.

Muhammad bo jomШиркати «МегаФон» ин Чемпионатро аз соли 2005 доир мекунад ва имсол мусобиқаи мазкур 8-сола шуд. Дар айни замон мусобиқаи мазкур беназир аст. Ин мусобиқа барои кӯдаконест, ки мавриди ҳимоя ва парастории давлат қарор доранд. Тӯли фаъолияти чемпионат дар он 300 хонаи кӯдакон, беш аз 10 000 кӯдак аз Русия ва хориҷи наздик ширкат варзиданд. Ҳар сол кӯдакони тамоми гӯшаву канори кишвар, аз Калининград сар карда то Владивосток, иштирокчиён аз Осетияи Ҷанубӣ, Тоҷикистон ва Абхазистон бо мақсади ба даст овардани роҳхат ба даври ниҳоии чемпионат дар Сочи ва бурдиа тӯҳфаи асосии Чемпионат қувваозмоӣ мекунанд. 

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97