Порлумони Тоҷикистон ду мувофиқатнома дар бораи вомҳои "Эскимбонк"-и Чин ба Тоҷикис-тонро тасвиб кард, ки дар маҷмуъ беш аз 57 миллион долларро ташкил медиҳанд.
Ин санадҳоро ба порлумон Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон рӯзи 19 июн муъаррифӣ кард. Ӯ гуфт, ҳаҷми умумии ин ду вом беш аз 57 миллион доллар буда ва ин маблағҳо дар бозсозии зеристгоҳи барқии "Регар-500 квт" ва иҷрои тарҳи "Низоми худкори нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе" мавсум ба "Шаҳри бехатар" масраф хоҳад шуд.
Ин ду санад дар ҷараёни дидори расмии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз Чин дар моҳи гузашта имзо шуда буд.
Ба гуфтаи Сафаралӣ Наҷмиддинов, таҷҳизоти зеристгоҳи барқии "Регар-500квт", бахусус, трансформаторҳои баландшиддат дар муддати 30 соли истифода куҳна ва садамавӣ шуда ва ба бозсозӣ ниёз доранд.
Ӯ гуфт, ба ин манзур давлати Тоҷикистон аз Бонки воридоту содироти Чин, ё "Эксимбанк" ба миқдори 35,1 миллиён доллар воми ботахфиф дарёфт кардааст. Саҳми давлати Тоҷикистон дар ин тарҳ 1,8 миллиён долларро ташкил медиҳад, ки аз ҷониби ширкати "Барқи тоҷик" пардохт хоҳад шуд.
Ҳамчунин, "Эксимбанк" дар чорчӯби тарҳи "Низоми худкори нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе" мавсум ба "Шаҳри бехатар" барои насби дурбинҳои амниятӣ дар ҷодаҳои пойтахт 22 миллиён доллар воми дарозмуддат ва бо фоизи камтар ҷудо кардааст.
Вазири молияи Тоҷикистон гуфт, дар назар аст, ин қарзҳо аз ҳисоби маблағи ҷаримаҳо, ки барои нақзи қоидаи ҳаракати роҳ дар шаҳри Душанбе ситонда хоҳад шуд, пардохт шавад.
Тибқи иттилоъи ин вазорат, дар соли ҷорӣ Тоҷикистон бо созмонҳои молии байналмилалӣ ва кишварҳои имдодрасон асноди ҳуқуқиро дар мавриди 11 тарҳи вом ва кумаки билоиваз имзо кардааст.
Гуфта мешавад, ҳазинаи умумии ин тарҳҳо 899 миллиён сомонӣ буда ва ин маблағҳо дар бахшҳои энержӣ, кишоварзӣ, нақлиёт, маъориф ва тандурустии Тоҷикистон масраф хоҳад шуд.