Овозхонии Давлатманд Хол пас аз интихобот дар Ирон

Хабари хуб 27.06.2013 12:37

Davlatman khoiКонсерти бузурги Миллат бо иҷрои муштараки гуруҳи мусиқии "Овои меҳрубон" ба сарпарастии Суҳайло Пургиромӣ ва овозхонии Давлтманд Холов, ҳунарманди тоҷик дар толори Ваҳдати Теҳрон баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории Меҳри Ирон, Давлаталӣ Ҳотамов, сафири Тоҷикистон, ки дар ин маросим ҳузур дошт, бо тақдир аз бунёди фарҳангӣ-ҳунарии Рӯдакӣ дар баргузории ин консерти дурӯза гуфт: Қабл аз ин ки ба суроғи барномаи имшаб биравам лозим аст ба мардуми сарбаланди Ирон дар пирӯзии бузург, ки ба муносибати интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба даст оварданд, табрик бигӯям. Мардуми Ирон бори дигар ба тамоми дунё нишон доданд, ки сазовори ҳар гуна қадр ва эҳтиром ҳастанд.

Вай бо ишора ба ҳузури Давлатманд Холов дар ин консерт гуфт: Давлатманд Холов сарояндаи гунае аз мусиқии Тоҷикистон аст, ки ба он фалак мегӯянд. Вай бо ҳунармандии худ тавонист дар дунё ба як маҳбубияти ҷаҳонӣ даст пайдо кунад ва ман хушҳолам тамошогарони иронӣ бо оҳанги "Дур машав"-и Давлатманд хотироти зиёде доранд.

Иҷрои шаби гузаштаи гурӯҳи мусиқӣ, ба зиндаёд устод Ҷалили Шаҳноз тақдим шуд ва гуруҳи тоҷикӣ бо овозхонӣ ва навозандигии рубоб ва сетори Давлатманд Холов, қитъаҳои "Бӯйи Ҷӯйи Мулиён", "Ошноӣ", "Хандаи осмоннигар" ва "Ҳамнавозӣ"-ро иҷро карданд.

Гуруҳи "Овои меҳрубон" ҳам дар бахши аввали консерт қитаъоти гуногунеро иҷро карданд. Зимни ин ки қитаъоти "Қавми ба ҳаҷ рафта", "Дарё" ва "Маҷнун" ҳам се қитъае буданд, ки дар бахши поёнии консерт ба сурати муштарак тавассути гуруҳи "Овои меҳрубон" ва ҳунармандони тоҷикистонӣ иҷро шуд.

Сафирони кишварҳои Русия, Сиерра Леоне ва Боливия аз меҳмонони вижаи ин Консерти Миллал будаанд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97