Кулвори сафари президент аз Кувайт

Хабари хуб 26.06.2013 09:33

kuwait02 pmДар ҷараёни дидори Президент Раҳмон аз Кувайт миёни ҳар ду кишвар 6 санади ҳамкорӣ дар бахшҳои ҷаҳонгардӣ, фарҳангу ҳунар, беҳдошт, ҷилавгирӣ аз молиёти дукарата ва лағви муқаррароти визо барои соҳибони шиносномаҳои дипломативу хидматӣ имзо шуд.

Ҳамчунин, рӯзи якшанбеи 23 июн, Ёддошти тафоҳум миёни давлати Тоҷикистон ва Сандуқи тавсеъаи Кувайт ва баёнияи муштараки сарони Тоҷикистону Кувайт дар заминаи дурнамои ҳамкориҳои ин ду кишвар ба имзо расиданд.

Қаблан миёни Тоҷикистону Кувайт дар мавриди ҷалби сармоя имзо шуда, аммо то ҳол ин кишвар дар заминаи сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон иқдоме накардааст.

Зимнан, рӯзҳои 23-24 майи соли ҷорӣ да шаҳри Душанбе ҷаласаи нахустини Комисиюни муштараки байнидавлатии Тоҷикистону Кувайт дар бахши ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ баргузор шуда, дар ин ҳамоиш роҳҳои иҷрои тавофуқоти имзошуда ва ташхиси самтҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба матраҳ шуда буд.

Барои таҳкими бештари ҳамкориҳо пешниҳод шуд, то таҳти сарпарастии ниҳодҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва утоқҳои бозаргонӣ Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Кувайт таъсис шуда, ба таври мунтазам ҳамоишҳои иқтисодӣ, намоишгоҳҳои маҳсулоти кишоварзию санъатӣ баргузор гардад.

Эмомалӣ Раҳмон бо Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, амири Кувайт дидор карда ва ба ӯ нишони Исмоъили Сомонӣ, нишони олии Тоҷикистон эҳдо кард. Амири Кувайт ба навбаи худ ба Президент Раҳмон нишони олии "Муборак ал-Кабир" дараҷаи аввали ин кишварро тақдим кард.

Амири Кувайт гуфтааст, дар Конфронси байналмилалии ҳамкорӣ дар бахши об, ки бо ибтикори Тоҷикистон ва пуштибонии Созмони Милали Муттаҳид дар моҳи августи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.

Президент Раҳмон зимни дидор бо Ҷобир Муборак ал-Аҳмад ас-Сабоҳ, нахуствазир ва мақомоти дигари давлати Кувайт масоили тавсеъаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузориро матраҳ кардааст.

Ҳамкориҳои Тоҷикистону Кувайт дар марҳилаи ибтидоӣ қарор дошта ва мизони табодули мол миёни ин ду кишвар дар соли гузашта танҳо 17 миллион долларро ташкил додааст.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97