Мақомоти вилояти Ҷузҷон дар шимоли Афғонистон гуфтаанд, ки нируҳои вобаста ба генерал Дустум ба хонаи Олим Соъӣ, волии Ҷузҷон ҳамла кардаанд.
Азизуллоҳ Ғайрат, фармондеҳи пулиси Ҷузҷон гуфт, ки афроди генерал Дустум хонаи Муҳаммад Олими Соъиро ибтидо дар муҳосираи худ дароварда ва сипас талош карданд, ки вориди хонаи ӯ шаванд.
Ӯ гуфт қабл аз ин ки нируҳои пулис ба маҳал бирасад, муҳофизони волӣ ва афроди генерал Дустум ба суи ҳамдигар тирпарронӣ карданд.
Як шоҳиди айнӣ ба Би-би-сӣ гуфтааст, ки соъати 12 қабл аз зуҳр дар маркази шаҳри Шибирғон тирпарронӣ шунида шудааст.
Ӯ гуфт, ки қабл аз ин ки нируҳои пулис ба хонаи волии Ҷузҷон бирасанд, афроди генерал Дустум маҳалро тарк карда буданд.
Дар ҳамин ҳол Баҳромуддин Ҳисом, сухангӯи волии Ҷузҷон гуфтааст, ки генерал Дустум рӯзи гузашта Муҳаммад Олими Соъиро таҳдид карда буд.
Оқои Ҳисом ба Би-би-сӣ гуфтааст: "Фикр кардем шояд танҳо як ихтор бошад, аммо генерал Дустум омодагӣ дошт, ки волиро ғофилгир ва дастгир кунад. Имрӯз хонаи волиро муҳосира карда буданд, ки касе ба кумаки волӣ наояд. Ҳамин ки волӣ аз мошин пиёда шуд, онҳо бо тамоми аскарҳо ҳамла карданд."
Сухангӯи волӣ ҳамчунин гуфт, ки афроди генерал Дустум ва муҳофизони волӣ ҳудуди даҳ дақиқа даргир шуданд ва сипас афроди генерал Дустум ақабнишинӣ карданд ва аз маҳалл дур шуданд.
Ба гуфтаи Ҳисом гуё генерал Дустум аз волии Ҷузҷон хостааст, ки дар интихоботи оянда ба эътилофи сиёсии онҳо бипайвандад ва аз ҳукумати марказии Афғонистон итоат накунад, аммо волӣ тақозои оқои Дустумро рад кардааст. Ӯ гуфт, ки волии Ҷузҷон дар ҳоли ҳозир симати муъовинии ҳизби Ҷунбиши Афғонистонро дорад.
Сухангӯи волии Ҷузҷон аз генерал Дустум ба унвони як "диктатур" ёд кард ва гуфт, ки оқои Дустум дӯст надорад касе аз фармони ӯ саркашӣ кунад.
Дар ҳамин ҳол Фаридун Илҳом, мушовири сиёсии генерал Дустум таҳдиди волии Ҷузҷон ва муҳосираи хонаи оқои Соъӣ тавассути афроди генерал Дустумро рад кард.
Оқои Илҳом гуфт, ки генерал Дустум ба хотири мавзуъоти интихобот тасмим дошт, ки ба унвони раҳбари ҳизби Ҷунбиши миллӣ бо оқои Соъӣ, ки муъовини Ҷунбиш аст, машварат кунад аммо волӣ ҳозир ба суҳбат нашуд.
Ӯ афзуд: "Генерал Дустум гуфт агар Соъӣ ба хонаи мо намеояд, мо ба хотири миллат ва ормонҳои Ҷунбиш ба хонаи оқои Соъӣ меравем то машварат кунем, аммо мутаассифона вақте генерал ба хонаи волӣ наздик шуд, волӣ фармони паррондан дод."
Мушовири сиёсии генерал Дустум изҳорот ва иқдомоти волии Ҷузҷонро як "тавтеъа" унвон кард ва гуфт, ки интизор доранд бо волии Ҷузҷон бархурди қонунӣ сурат бигирад