Лиунел Мессӣ, бозикуни бошгоҳи футболи Барселона ва падараш ба чаҳор миллиён евро тахалуфи молиётӣ муттаҳам шудаанд.
Ин футболисти 25-солаи оргентинӣ ва падараш, Хурха Ҳуросию аз сӯйи мақомҳои қазоӣ дар Испония ба ироъаи иттилоъоти нодуруст дар изҳори номаҳои молиётии солҳои 2007 то 2009 муттаҳам шудаанд.
Лиунел Мессӣ, Бозикуни соли ҷаҳон, ин иттиҳомро рад кардааст.
Бошгоҳи футболи Барселона аз изҳори назар дар ин робита худдорӣ кардааст.
Гуфта мешавад, дастмузди солонаи Мессӣ дар бошгоҳи Барселона баробар ба 16 миллион евро аст, ки ӯро дар феҳристи гаронтарин футболистҳои ҷаҳон қарор медиҳад.
Ӯ ҳамчунин миллиёнҳо доллар қарордод бо ҳомиёни молӣ дар саросари имзо кардааст.
Як додситони Испания дар шикоятеро аз Мессӣ ва падараш таслими як додгоҳ дар шаҳри Барселона кард. Қозиёни додгоҳ бояд пас аз баррасии ин шикоят дар бораи расидагӣ ба он тасмимгирӣ кунанд.
Лиунел Мессӣ ва падараш муттаҳам шудаанд, ки барои фурӯши ҳаққи ба коргирии тасвири ӯ аз ширкатҳои сабтшуда дар Белиз ва Уругвай кумак гирифтаанд, то дар Испония молиёт напардозад.
Онҳо муттаҳам ҳастанд, ки аз ин роҳ муваффақ шудаанд, аз пардохти 4 миллиён евро молиёт ба давлати Испония, ки маҳалли зиндагии онҳост фирор кунанд.
Хабаргузории Испониёӣ "АФА" дар гузорише эълом карда, дар сурати муҷрим шинохта шудани Мессӣ ӯ илова бар пардохти ҷаримаи ҳангуфт мумкин аст, ба шаш сол зиндон маҳкум шавад.
Ба гуфтаи Том Буриҷ, хабарнигори Би-би-сӣ дар Мадрид, Мессӣ дар ҳоле ба тахаллуфи молиётӣ муттаҳам шуда, ки давлати Испания барои муқобала бо камбуди даромад, талоши худро барои муборизаи фирори шаҳрвандон аз пардохти молиёт ба шиддат афзоиш додааст. Лиунел Мессӣ панҷ маротиба қаҳрамони Испания ва се бор қаҳрамони Лигаи қаҳрамонон шудааст. Коршиносони футбол ӯро беҳтарин бозикун дар таърихи футбол мешуморанд.