Кумитаи ҷамъиятии дифоъ аз ҳуқуқҳои конститутсионии Зайд Саидов рӯзи 18-уми июн дар ҷаласаи нахустини худ муроҷиатномаеро ба мардуми Тоҷикистон қабул кард.
Дар ин муроҷиатнома ба мардуми Тоҷикистон гуфта мешавад, "қазияи гирудори Зайд Саидов сирф моҳияти сиёсӣ дорад ва бад-ин васила низоми идоракунии кишвар мекӯшад аз ҳама гуна иқдом ва ташаббуси дигарандешие, ки ҳаққи конститутсионии шаҳрвандон аст, ҷилавгирӣ кунад." Дар ин муроҷиатнома гуфта мешавад, ки боздошти Зайд Саидов ва санҷиши фаъолиятҳои тиҷории ӯ вокуниши мақомот ба азми ӯ барои таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» мебошад. Ин баёния меафзояд, беадолатӣ нисбат ба Зайд Саидов баръакс шумори тарафдорону ҳаводорони ӯро афзудааст. Аммо дар ин муроҷиатнома Кумитаи дифоъ аз Зайд Саидов изҳори умед кардааст, ки қазияи ӯ одилона баррасӣ хоҳад шуд. Дар ин муроҷиатнома аз ҷумла омадааст: «Қазияи мазкур амали густурдаи мақомоти қудратии давлат аст, ки бо тафтиши фарогири ҳамаи паҳлӯҳои гуногуни фаъолияти ӯ ва наздиконаш ҷараён дорад ва ба гуфтаи вакилони мудофиааш бо беэътиноии густохона нисбат ба муқаррароти қонунҳои мавҷуда сурат мегирад».
Муаллифони ин баёния аз он тааҷҷуб кардаанд, ки «то ин гирудор Зайд Саидовро чун муваффақтарин соҳибкор, роҳбар, шахси масъулиятталабу масъулиятшинос ва ҳалолкор тавсиф мекарданд».
Дар идома овардаанд, ки «усули конститутсионии эҳтимоли бегуноҳӣ ба ҳукми фаромӯшӣ рафтааст. Дар кӯчаву хиёбонҳо тариқи ройгон китобчаҳое паҳн ва тариқи телевизион сабту намоише ба маърази умум пешниҳод мешавад, ки саропо туҳмату буҳтонанд ва ҳадафашон миёни мардум бадном кардани шахсияти номбурда аст. Ҳамин гуна иқдоми зишту нангин бо истифода аз расонаҳои хабарии навиштагорӣ низ амалӣ мегардад.
Аммо дар ин муроҷиатнома оварда шудааст, ки «иддае аз мардум ба хотири сифатҳои волои ахлоқиаш пуштибонӣ аз Зайд Саидовро қарзи инсонии худ медонанд, иддае дигар дар пайи чунин равиши воқеа хатареро барои худ диданд…. Ӯ бар асоси хислатҳои зотии инсониаш ба бегуноҳиаш бовар дорад, ба Ватан баргашт, вале боздошт шуд».
Дар баёния бо муроҷиат ба мардум омадааст: «Имрӯз мо шоҳиди он ҳастем, ки дар кишварамон дар баробари як шахсияти арзишманду ҳақталош беадолатӣ ба амал омадааст. Умедворем, ки шахсиятҳои озодидӯсту ҳақталаб дар ҳалли ин қазия гирди ҳам омада, аз мақомот талаб кунем, ки қазияи Зайд Саидов бо риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор бигирад. Ин иқдоми мо қадамест барои эҳтироми ҳуқуқи башар, шарофати инсонӣ ва пешгирӣ аз беадолативу қонуншиканӣ.”
Дар нишасти Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқҳои Зайд Саидов ҳамчунин охирин таҳаввулоти марбут ба парвандаи ӯ баррасӣ шудааст. Хайруллоҳ, писари Зайд Саидов гуфтааст, фишор ба аҳли хонавода батадриҷ коҳиш ёфт, вале санҷишҳо аз тарафи идороти мухталиф то ҳол идома доранд. Ӯ гуфтааст, таҳмили ҷаримаҳо ба маблағҳои бузург ва бастани ҳисобҳои бонкии ширкатҳои марбут ба Зайд Саидов ва наздиконаш боис шудааст, ки фаъолияти ин корхонаҳо кунд шуда, шумори бузурге аз коргарони худро аз даст бидиҳанд.