/17/06/2013/ Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ» баррасӣ шуд.
Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов, дар ҷаласаи Шӯро таъкид гардид, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Амиршоева, Амир Қарақӯлов, Маҳмадраҳим Каримов барои муҳокима ба ҷаласаи навбатии Шӯро пешниҳод шудааст.
Зикр гардид, лоиҳаи ин қонун асосҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодии ташкили зотпарвариро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, салоҳияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дар соҳаи мазкур машғулбударо муайян намуда, ба таҳкими хазинаи миллии генетикии чорводорӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат равона карда шудааст.
Дар лоиҳаи қонуни мазкур роҳҳои ташкили фаъолияти субъектони соҳаи зотпарварӣ, тартиби аттестатсияи ин субъектон ва намудҳои онҳо, самтҳои асосии фаъолият, кафолатҳои онҳо, тартиби бақайдгирии маводи зотӣ, тартиби эътирофи маводи зотӣ ҳамчун зот, тартиби баҳодиҳӣ, фурӯш, воридот ва содироти маводи зотӣ, тартиби такрористеҳсолкунии ҳайвонот, шартҳои истифодаи онҳо, тартиби такмил ва офаридани зотҳои нави ҳайвонот, ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи зотпарварӣ ва ҳалли баҳсҳо дар ин соҳа, тартиби ҷавобгарӣ барои риоя накардани меъёрҳои талаботи қонуни мазкур пешбинӣ карда шудааст. Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ, «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ», лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ», Дар хусуси Созишномаи қарзи имтиёзнок байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии зеристгоҳи барқии Регар-500 кВт», Созишномаи қарзи имтиёзнок байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой вобаста ба лоиҳаи «Низоми худкори идоракунии нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе –«Шаҳри бехатар» - ро муҳокима ва баррасӣ карданд.
Аз рӯи масъалаҳои ба рӯзномаи Шӯро воридгардида раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Саиди Ёқубзод, Марҳабо Ҷабборова, Сафарали Раҷабов, Убайдулло Давлатов, Маҳмадали Ватанов, Олим Салимзода ва дигар аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон баромад намуда, фикру андешаҳои худро ҷиҳати боз ҳам такмил додани лоиҳаҳои баррасигардида изҳор доштанд.
Бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум рӯзи 19 июни соли 2013 соати 10 баргузор мегардад.