Ширкати «МегаФон» барои мардуми ноҳияи Тоҷикобод ва Ҷиргатол ҷашне таҳти унвони «Шаҳраки сарсабз» баргузор кард, ки дар чаҳорчуби он иштирокдорон аз интернети мобилии босуръат ва бозии технологии пешрафтаи X-box ба таври ройгон баҳра бурда, дар мусобиқаҳои мухталифи варзишиву зеҳнӣ фаъолона иштирок карда соҳиби тухфаҳои боарзиш шуданд.
Донишомузони синфҳои 10 ва 11 мактаби таҳсилоти умумии №1 –и ноҳияи Ҷиргатол дар Мега Дарс иштирок карда, мутахасиси ширкати «МегаФон» барои бачаҳо аз фарҳанги истифодаи телефони мобилӣ, рӯйхати сомонаҳои муфид, китобҳои эллектронӣ ва
онлайн олимпиадаҳоро тавсия дод. «Имрӯз манн охирин имтиҳонамр осупоридам ва барои дохилшудан ба донишгоҳ омодагӣ мегирам. Аз дарси имрӯза огоҳ шудам, ки тариқи интернет дилхоҳ китоби эллектрониро пайдо кардан мумкин аст ва манн ҳатман аз ин имконият истифода хоҳам бурд». –мегӯяд донишомӯзи синфи 11 ноҳия иҶиргатол, Музаффар Зубайдов .
Як тоҷири фаъоли ноҳияи Тоҷикобод, Маҳмудҷон Саидов, ки истифодабарандаи фаъоли интернет мебошад мегӯяд: «Ман бо ширкатҳои кишварҳои аврупоӣ ҳамкории густурда дорам, бино бар ин бояд доим дар иртибот бошам ва беҳтарин иртибот дар замони имрӯза ин Интернет мебошад. Бо истифода аз интернети мобилии «МегаФон» масъалаҳои тиҷоратиамро ба таври фаврӣ ва бе мамоният анҷом медиҳам».
Қобили тазакур аст, ки иштирокдорони ин ҷашн имкон доштанд ба тарофаи «МегаФон Рашт», ки махсусан барои мардумони ин водӣ – аз Файзобод то Ҷиргатол тарҳрезӣ шудааст, пайваст шаванд. Тибқи муқарароти ин тарофа муштариёни «МегаФон» имкон доранд дар дохили тарофа барои 20дақиқа гуфтугӯ ҳамаги 6 дирам пардохт бикунанд. Пайвастшавӣ ба ин тарофа дар ҳар Маркази хизматрасонии ширкат имконпазир аст.