Маъмулан дар Тоҷикистон ҷашни хатми мактаб дар 25 май баргузор мешуд, аммо тайи ду соли ахир бо қарори вазорати маориф таътили зимистона аз ҳисоби таътилоти тобистона дарозтар шуд, ва шогирдони мактабҳо ба ҷойи 25-уми май дар 7-уми июн таҳсилоти худро анҷом доданд. Қаблан таътилоти зимистона аз ҳисоби таътилоти тирамоҳӣ ва баҳорӣ дароз мешуд.
Масъули ин вазорат мегӯянд, ки "Маъмулан таътилоти мактабӣ фурсати хуб барои созмон додани озмунҳои мактабӣ барои шогирдон ва давраҳои бозомӯзӣ барои омӯзгорон аст. Ба ин тартиб, ба раванди тадрис дар мактаб халал ворид намешавад. Ба ин далел вазорат нахостааст таътилоти баҳорӣ ва тирамоҳиро лағв кунад."
Суннати баргузории маҳфили "Занги охир" дар поёни соли таҳсил барои фориғуттаҳсилин, ки аз замони шӯравӣ роиҷ буд, дар соли 2007 барои иҷрои Қонуни дар бораи танзими расму ойинҳо тавассути мақомоти кишвар лағв шуд.
Ҳамакнун ба ҷойи маҳфилҳои бошукуҳ, ин расм бо ҷаласаи суханронии мудирони мактабҳо ва устодон маҳдуд шуд.
Дар Тоҷикистон 3 ҳазору 816 мактаб фаъъол буда ва имсол 111 ҳазору 486 фориғуттаҳсилин, аз ҷумла 41 ҳазору 854 духтар ва 69 ҳазору 632 писар таҳсилоти ҳамагониро анҷом доданд.
Теъдоде аз хатмкунандагон бо доштани шароит таҳсилро идома хоҳанд дод ва теъдоде ҳам сафи мардикорони беш аз миллионнафараи тоҷиконро дар Русия пур хоҳанд кард. Агар қонунҳои сахтгиронаи Русия монеъ нашавад.